Тақвияти назорати сифати бозичаҳо барои кӯдакон

Хазинаи кӯдакони СММ (UNISEF) барои баргузор намудани ташхиси маҳсулот, аз ҷумла бозичаҳо барои кӯдакон ба Агентии «Тоҷикстандарт» таҷҳизот тақдим намуд. Коршиноси Агентии «Тоҷикстандарт» Убайдулло Раҳматуллоев зимни нишасти хабарӣ дар мавриди ин масъала изҳор намуд, ки онҳо беш аз 1 ҳазор намунаҳои бозичаҳоро ташхис намуда, 80%-и онҳо ғайриқобили истифода арзёбӣ шудаанд ва дар таркибашон маводи токсикии […]

Меҳрангез Турсунзода



Хазинаи кӯдакони СММ (UNISEF) барои баргузор намудани ташхиси маҳсулот, аз ҷумла бозичаҳо барои кӯдакон ба Агентии «Тоҷикстандарт» таҷҳизот тақдим намуд.

Коршиноси Агентии «Тоҷикстандарт» Убайдулло Раҳматуллоев зимни нишасти хабарӣ дар мавриди ин масъала изҳор намуд, ки онҳо беш аз 1 ҳазор намунаҳои бозичаҳоро ташхис намуда, 80%-и онҳо ғайриқобили истифода арзёбӣ шудаанд ва дар таркибашон маводи токсикии зиёд доранд. «Аз ин рӯ, вақти ххаридории ин навъи маҳсулот мебояд ба сифати он таваҷҷуҳ зоҳир намуда, сертификати онро талаб кард», – гуфт ӯ.

Директори Агентӣ Ибодулло Қурбониён гуфт, тӯли 2 моҳ дар саросари кишвар 11 ҳазору 671 адад бозичаҳои кӯдаонаи сифаташон паст мусодира шуда, тамоми ин маҳсулот ба ҷумҳурӣ бо роҳи қочоқ асосан аз Чин ворид шудааст ва ҳуҷҷати расмӣ надорад.

«Бо мақсади ҳифзи солимии кӯдакон мо меъёр ва регламент таҳия намуда, онро ба баррасии ҳукумати фиристодем. Тавассути он бехатарии бозичаҳо барои кӯдаконро метавон муайян кард. Дар сурати тасдиқи ин санад, он дастраси ҳамагон шуда, назорат болои сифати бозичаҳо пурзӯр карда мешавад», – иброз дошт роҳбари Агентӣ.

Дар ҳамин ҳол, таъкид шуд, ки дар дохили ҷумҳурӣ дар шаҳри Истаравшан барои кӯдакон бозичаҳои хушсифат истеҳсол карда мешаванд, вале алҳол номгӯи онҳо нисбатан камтар аст. «Ояндаи наздик дар Истаравшан бояд боз як корхонаи нави истеҳсоли бозичаҳо барои кӯдакон ба кор дарояд», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.