Раиси БМТ вазъи низоми бонкиро мусбат арзёбӣ кард

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати намояндагии Бонки миллии Швейтсария таҳти роҳбарии раиси бонк Томас Йордан дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, зимни мулоқот Ҷамшед Нурмаҳмадзода меҳмононро бо вазъи макроиқтисодӣ, қурби асъор ва ислоҳот дар низоми бонкии кишвар ошно намуда, иброз дошт, ки бо вуҷуди мушкилиҳои давраи буҳронӣ, нишондиҳандаҳои […]

ASIA-Plus



Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати намояндагии Бонки миллии Швейтсария таҳти роҳбарии раиси бонк Томас Йордан дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, зимни мулоқот Ҷамшед Нурмаҳмадзода меҳмононро бо вазъи макроиқтисодӣ, қурби асъор ва ислоҳот дар низоми бонкии кишвар ошно намуда, иброз дошт, ки бо вуҷуди мушкилиҳои давраи буҳронӣ, нишондиҳандаҳои бахшҳои иқтисодӣ ва низоми бонкии Тоҷикистон мусбат арзёбӣ мегарданд.

Гуфта мешавад, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба самтҳои гуногуни рушди бахши молия, имкониятҳои мавҷуда ва стратегияи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба таҳкими бонкҳо суҳбат намуда, ҷаноби Томас Йордан изҳор дошт, ки ҳадаф аз ташрифи ҳайати расмии Бонки миллии Швейтсария баррасии вазъи низоми бонкӣ ва гузаронидани семинар дар мавзӯи “Вазъи фаромиллии иқтисодӣ ва сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Швейтсария” буда, зимни семинар тарафҳо тариқи муколама ва баҳс метавонанд бо дастовардҳои якдигар ошно гашта, табодули таҷриба намоянд.

Зимнан зикр мегардад, ки раиси Бонки миллии Швейтсарияро дар ин сафари расмӣ директори Департаменти сиёсати ҳамкориҳои байналмилалии бонки мазкур Андреа Сивиеро, мушовири масоили сиёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ Вернер Ҳерманн, мудири лоиҳаҳои ҳамкории мутақобила Гилберт Хайм ва мушовири калони масоили ҳамкориҳои тарафайни Бонки миллии Швейтсария Надира Хуонкер ҳамроҳӣ намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.