Боздиди президент аз майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пагоҳ, рӯзи 4 август аз шаҳри Роғун боздид намуда, бо фаъолони шаҳр мулоқот ва ҳамчунин аз майдони сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун боздид мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар майдони сохтмони нерӯгоҳ сарвари давлат бо бинокорону муҳандисон суҳбат ороста, бо шароити кору маишати онҳо аз наздик ошно мегардад.

Ёдрас мекунем, ки сарвари мамлакат аз майдони сохтмони Роғун ахиран 15 июли соли гузашта

боздид ба амал оварда буд.

Он замон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамаи иншооти асосии сохташавандаи заминӣ ва зеризаминии иншоот шинос шуда буд.

Он замон  сарвари давлат таъкид дошта буд, ки «ҳар як бинокори ин иншооти тақдирсоз бояд хуб эҳсос намояд, ки нерӯгоҳи Роғун барои садсолаҳо пешбинӣ шудааст ва сифати корҳо бояд ба ин ҳадафи воло мутобиқ бошад». Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин изҳор дошт, ки: «нерӯгоҳи Роғун бояд асрҳо ба мардуми Тоҷикистон ва кулли минтақа хизмат карда, танҳо манфиат расонад ва ҳеҷ зиёне надошта бошад».

Санаи 1 июли соли 2016 Тоҷикистон эълон кард, ки дар ҷаласаи навбатии рӯзи 27 июни Комиссия оид ба баргузории тендерҳо (музоядаҳо)-и байнулмилалии сохтмони иншооти НБО Роғун ширкати итолиёвии Salini Impregilo S.p.A. миёни довталабони тендери байнулмилалии «Дар бораи лоиҳакашӣ, харид ва сохтмони иншооти НБО Роғун (лоти 2 – «Сохтмони планта») ғолиб дониста шуд. Ширкати Salini Impregilo-и Италия 

ният дорад

, ки аллакай соли 2018 ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро мавриди истифода қарор диҳад. Salini Impregilo S.p.A. яке аз ширкатҳои маъруфтарини ҷаҳон оид ба сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ маҳсуб меёбад.

Дар 

маълумоти

 сомонаи расмии ширкат дар ин робита қайд шуда буд, ки рӯзи 1 июл дар Душанбе оид ба сохтмони НБО Роғун ба маблағи 3,9 млрд. доллари ИМАсозишномаи қолабӣ ба имзо расид.

Ҳамчунин мебояд гуфт, санаи 1 июли соли равон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ширкати “Салини Импреҷило” ҷаноби Пиетро Салиниро 

ба ҳузур пазируфта буд.

Ғайр аз ин, хотиррасон мебояд кард, ки даҳаи сеюми моҳи июл нахуствазири Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба унвони ҳамтои тоҷики худ Қоҳир Расулзода мактуб ирсол намуда, бори дигар ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун

эътироз баён намуда буд.

spot_imgspot_img

Популярное