Коҳиши даромади ширкатҳои алоқаи мобилӣ

Дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли гузашта тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ даромади ширкатҳои хусусии алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон қариб 16% коҳиш ёфт. Муовини сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Адолат Абдураҳмонзода изҳор намуд, ки тибқи ҳисобу китоби пешакӣ, давоми моҳҳои январ-июни соли равон ларомади ширкатҳои хусусии алоқаи мобилӣ 980 млн. сомониро ташкил додааст, ки […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли гузашта тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ даромади ширкатҳои хусусии алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон қариб 16% коҳиш ёфт.

Муовини сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Адолат Абдураҳмонзода изҳор намуд, ки тибқи ҳисобу китоби пешакӣ, давоми моҳҳои январ-июни соли равон ларомади ширкатҳои хусусии алоқаи мобилӣ 980 млн. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли газшта ба 84% баробар аст.

«Дар маҷмӯъ, тибқи ҳисобу китоби пешакӣ, даромади умумии корхонаҳои бахши алоқа ва операторони хусусӣ дар нимсолаи аввал 1 млрд. 48,3 млн. сомониро ташкил дод», – қайд кард ӯ.

Абдураҳмонзода илова намуд, ки даромади ҶСК «Тоҷиктелеком» дар ин давра – 69,4 млн., КВД «Почтаи тоҷик» – 3,3 млн. ва дигар сохторҳои соҳаи алоқа – 5,9 млн. сомониро ташкил додаанд.

Ба гуфтаи номбурда, айни замон шумори корбарони шабакаи интернет дар Тоҷикистон бо назардошти корбарони мобилӣ 2,8 млн. нафарро ташкил дода, ҳар як се нафар аз тоҷикистониён аз интернет истифода мекунанд, яъне ба ҳар 100 нафар аҳолии кишвар (шумори умумии аҳолӣ – беш аз 8,4 млн. нафар) 34 нафар корбарони шабакаи Интернет рост меоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.