Қатли низомии пойгоҳи 201-уми Русия дар Хатлон

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа шаби 30 ба 31 июл зимни ҷанҷолу занозанӣ бо ҷавонони маҳаллӣ сержанти калони пойгоҳи низомии 201-уми Русия мустақар ин шаҳр кушта шуд. Тибқи иитилои як манбаи «Азия-Плюс» дар сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, сержанти калон Алексей Буенкои 40-сола дар қаламрави тарабхонаи «Карина» кушта шуда, аз рӯи ин далел парвандаи […]

Аваз Юлдошев



Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа шаби 30 ба 31 июл зимни ҷанҷолу занозанӣ бо ҷавонони маҳаллӣ сержанти калони пойгоҳи низомии 201-уми Русия мустақар ин шаҳр кушта шуд.

Тибқи иитилои як манбаи «Азия-Плюс» дар сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, сержанти калон Алексей Буенкои 40-сола дар қаламрави тарабхонаи «Карина» кушта шуда, аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва ба тафтиши ҳодиса шуъбаи маҳаллии ВКД ва мақомоти прокуратураи шаҳр машғуланд.

Ба иттилои манбаъ, ин ҷиноят дар заминаи маишӣ содир шуда, ба гумони даст доштан дар куштор якчанд нафар боздошт шудаанд. Алексей Буенко ҳамсар ва 2 фарзанд доштааст.

Дар ҳамин ҳол,

Радиои Озодӣ

бо истинод ба як афсари пойгоҳ дар ин робита менависад, ҳодиса шаби шанбе ба якшанбеи гузашта дар тарабхонаи “Карина”-и шаҳри Қӯрғонтеппа рух додааст. Ӯ гуфтааст, “он шом миёни сарбози рус ва ҷавонҳои тоҷик муноқишае бархост ва дар натиҷа сарбози рус кушта шуд.”

Шоҳидони ҳодиса – пешхизматҳои тарабхонаи “Карина” ба Озодӣ гуфтаанд, ки он шом нахуст миёни як ҷавон бо номи Аҳлиддин ва сарбози рус муноқишае бархост: “Аҳлиддин берун рафт ва баъди муддате корд дар даст баргашт ва ба сарбози рус ҳамла кард”. Онҳо мегӯянд, сабаби ин моҷаро барои онҳо ҳам маълум нест. Аз рӯи иттилои онҳо, он шом сарбоз ҳамроҳ бо ҳамсари русаш, ки сокини Қӯрғонтеппа мебошад ва чанд дӯсти дигараш истироҳат мекард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.