Хадамоти алоқа: Ба бастани сомонаҳо даст надорем

– Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон ба қатъи дастрасӣ ба сомонаҳои интернетии васоити ахбори умум ҳеҷ муносибате надорад, – изҳор дошт зимни нишасти хабарӣ сардори Раёсати танзими алоқаи Хадамот Ҷонибек Дадоматов. Дар посух ба савол доир ба аллакай қариб се моҳ қатъ будани дастрасӣ ба сомонаи «Азия-Плюс» Ҷ. Дадоматов посух дод, ки Хадамоти алоқа танҳо […]

Пайрав Чоршанбиев



– Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон ба қатъи дастрасӣ ба сомонаҳои интернетии васоити ахбори умум ҳеҷ муносибате надорад, – изҳор дошт зимни нишасти хабарӣ сардори Раёсати танзими алоқаи Хадамот Ҷонибек Дадоматов.

Дар посух ба савол доир ба аллакай қариб се моҳ қатъ будани дастрасӣ ба сомонаи «Азия-Плюс» Ҷ. Дадоматов посух дод, ки Хадамоти алоқа танҳо бар асоси қарори Суди олӣ ва дар баъзе ҳолатҳо бо талаби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади пешгирии паҳншавии маълумоте, ки ба амнияти кишвар хатар эҷод месозад, ба қатъи дастрасӣ ба сомонаҳои интернетӣ дастур дода метавонад.

Номбурда зикр кард, ки Хадамот сабабҳои аз ҷониби ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерҳо) баста шудани дастрасӣ ба торнамоҳои хабаррасонро муайян мекунад ва бори дигар таъкид дошт, ки «ин шояд ба мушкилоти техникии худи ширкатҳо марбут бошад». «Маъмулан дар қатъи дастрасӣ ба сомонаҳо Хадамоти алоқаро гунаҳкор медонанд, вале Хадамоти мо ба ин ҳеҷ муносибате надорад», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли Дадоматов, айни замон дар қаламрави Тоҷикистон дастрасӣ ба беш аз 100 сомона, ки падидаҳои зӯроварӣ ва шаҳвониятро таблиғ мекунанд,  расман қатъ шудаааст. «Дар бораи қатъи дастрасӣ ба сомонаҳои хабаргузор дастуре содир нашудааст», – афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, дастрасӣ ба сомонаҳои хабаргузориҳои пешрафтаи Тоҷикистон, аз ҷумла «Азия-Плюс»  аллакай муддати се моҳ қатъ шудааст. Чанде пештар сомонаи хабаргузории «Авеста» низ дар ҳамин саф қарор гирифт.

Авввали моҳи май дар ин робита

иттилоъ дода будем

, ки дар Тоҷикистон дастрасӣ ба як қатор сомонаҳои васоити ахбори умуми ватанӣ ва хориҷӣ қатъ карда шуд. Гуфта мешуд, рӯзҳои 10-11 май ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерҳо) дар бораи қатъи дастрасӣ ба сомонаҳои гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс», хадамоти тоҷикии Радиои Озодӣ, хабаргузории «Озодагон» ва боз як қатор торнамоҳои иттилоотӣ дастур гирифтаанд.

Хабаргузории «Азия-Плюс» ҷиҳати рӯшанӣ андохтан ба сабабҳои қатъи дастрасӣ ба сомона

бо шакли хаттӣ

ба Хадамоти алоқа муроҷиат кард, вале то ҳол аз ин ниҳод посухе нагирифтааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.