Пешниҳоди коҳиши муҳлати хизмат дар артиш



Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ним сол кам кардани муҳлати хизмати ҳатмии ҳарбии шаҳрвандон дар Қуввваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриро пешниҳод кардааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҶТ дар ин робита иттилоъ дод, лоиҳаи тағйироти дахлдор ба қонун «Дар бораи уҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» қариб як сол пеш ба вазорату идораҳо фиристода шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, дар лоиҳаи тағйироту иловаҳо кам кардани муҳлати хизмати ҳарбии ҳатмӣ аз 2 соли ҳозира то ба 1,5 сол пешбинӣ шудааст.

«Агар лоиҳаро вазорату идораҳо ва ҳукумат дастгирӣ кунанду парлумон тағйироти номбаршударо қабул намояд, шаҳрвандони синнусоли даъват ба хизмати ҳарбӣ танҳо 1,5 сол адои хизмати ҳарбӣ мекунанд», – гуфт манбаъ.

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар масъалаи манъи сафари шаҳрвандони синнусолашон мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ (даъватшаванлагон) ба хориҷи кишвар, Тоҷикистон ба кишвари ҳамсояи Қирғизистон пайравӣ карданӣ нест.

«Дар Тоҷикистон шумори шаҳрвандони синнусоли мувофиқ барои даъват ба хизмати ҳарбӣ кофист, то ки даъватшавандагони аз лиҳози омодагии  ҷисмониву зеҳнӣ беҳтарин ба хизмат сафарбар шаваанд», – таъкид доштанд дар Вазорати мудофиа.

Қобили зикр аст, ки маъракаи даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар Тоҷикистон ҳамасола дар ду давра сурат мегирад: даъвати баҳорӣ – 1 апрел то 31 май ва даъвати тирамоҳӣ – аз 1 октябр то 30 ноябр. Ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ  шаҳрвандони синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.

Мебояд гуфт, ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз се навъи ҷузъу том – Қушӯнҳои зудамал, хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат аст.

spot_imgspot_img

Популярное