Истифодаи партовҳои гӯшти мурғ дар истеҳсоли ҳасиб дар Тоҷикистон

Раҳбарияти Агентии «Тоҷикстандарт» ҳолатҳои аз ҷониби корхонаҳои ватанӣ истифода шудани партовҳои гӯшти мурғ дар истеҳсоли ҳасибро тасдиқ мекунад. «Ҳолатҳои зиёде ҷой доштанд, ки истеҳсолкунандагони ҳасиб асосан аз пӯсти мурғ истифода мебурданд, вале имрӯз истифодаи пӯсти мурғ бо дигар маҳсулоти гӯштӣ қатъиян аз Шартҳои техникии истеҳсоли маҳсулот хориҷ карда шуд ва он таъиноти мушаххаси истифода надорад», […]

Пайрав Чоршанбиев



Раҳбарияти Агентии «Тоҷикстандарт» ҳолатҳои аз ҷониби корхонаҳои ватанӣ истифода шудани партовҳои гӯшти мурғ дар истеҳсоли ҳасибро тасдиқ мекунад.

«Ҳолатҳои зиёде ҷой доштанд, ки истеҳсолкунандагони ҳасиб асосан аз пӯсти мурғ истифода мебурданд, вале имрӯз истифодаи пӯсти мурғ бо дигар маҳсулоти гӯштӣ қатъиян аз Шартҳои техникии истеҳсоли маҳсулот хориҷ карда шуд ва он таъиноти мушаххаси истифода надорад», – гуфт роҳбари «Тоҷикстандарт» Ибодулло Қурбониён дар вохӯрӣ бо  роҳбарон ва намояндагони корхонаву коргоҳҳои истеҳсоли ҳасиб, ки дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он фаъолият доранд.

Ӯ аз истеҳсолкунандагони ҳасиб даъват ба амал овард, ки дар истеҳсоли ҳасиб асосан  аз маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва бехатари ватанӣ истифода кунанд.

Зимнан таъкид шуд, ки дар самти гузаронидани назорати давлатӣ минбаъд намунаҳои барои ташхис пешниҳодшаванда ҳам аз коргоҳҳои истеҳсолӣ ва ҳам аз нуқтаҳои савдо гирифта мешаванд. «Инчунин дар самти тамғагузорӣ низ камбудиҳо ҷой доранд, аз ҷумла дар маводи худчасп сабт намудани санаи истеҳсол ва муҳлати истеъмолӣ зиёд ба назар мерасанд», – иброз дошт ӯ.

Бино ба маълумоти Агентии «Тоҷикстандарт», дар раванди санҷишҳои нимсолаи аввал дар натиҷаи риоя нагардидани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ  нисбати 19 нафар истеҳсолкунандагони маҳсулоти ҳасиб тибқи кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ чораҳо андешида шудаанд.

Қаблан

иттилоъ дода будем

, ки соли гузашта гумрукчиёни тоҷик аз воридоти беш аз 23 тонна пӯсти мурғи вайроншуда ва муҳлати истифодааш гузашта дар марз ҷилавгирӣ намуданд, ки он барои истеҳсоли ҳасиб ва дигар маводи ғизойӣ пешбинӣ шуда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.