Воридоти беш аз 58 кило ҷавоҳирот бо роҳи ҳавоӣ тӯли 1 моҳ

Аз 1 июл то 5 августи соли ҷорӣ танҳо тариқи гузаргоҳи гумрукии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ба Тоҷикистон 58 килову 284,6 грамм маснӯоти заргарӣ ворид шудааст. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, маблағи умумии боҷи ҷамъоваришуда барои анҷом додани расмиёти гумрукӣ аз воридоти ин ҷавоҳирот 552 ҳазору 180 сомониро ташкил додааст. Ёдрас […]

Asia--Plus



Аз 1 июл то 5 августи соли ҷорӣ танҳо тариқи гузаргоҳи гумрукии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ба Тоҷикистон 58 килову 284,6 грамм маснӯоти заргарӣ ворид шудааст.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, маблағи умумии боҷи ҷамъоваришуда барои анҷом додани расмиёти гумрукӣ аз воридоти ин ҷавоҳирот 552 ҳазору 180 сомониро ташкил додааст.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи июн вакилони палатаи поёнии парлумон аз тағйироту иловаҳои аз ҷониби президенти мамлакат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2016»

ҷонибдорӣ намуд

а, мутобиқи он маснӯоти заргарии аз хориҷи кишвар воридшуда аз пардохти андозҳо ба арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод карда шуданд.

Тадбири мазкур, ба андешаи муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Каримзода, ба пешгирии қочоқи воридоти маснӯоти заргарӣ ба кишвар, муомилоти коррупсионӣ дар ин самт, ҳимояи бозор аз маснӯоти пастсифати заргарӣ ва аз байн бурдани бозорҳои пасипардагии савдои ҷавоҳирот нигаронида шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.