Задухӯрди навбатии мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Марзбонони тоҷик аз кӯшиши навбатии убури ғайриқонунии марз ва қочоқи маводи мухаддир ба ҷумҳурӣ ҷилавгирӣ намуданд. Тавре сухангӯи Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев иттилоъ дод, баъди нимашаби 9 август як гурӯҳи номаълуми иборат аз 4-5 нафар қочоқбарони мусаллаҳ дар дидбонгоҳҳои марзии «Шӯрообод»-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳин сарҳадро гузаштанӣ шуда, ба марзбонон дучор мешаванд. «Марзшиканон […]

Аваз Юлдошев



Марзбонони тоҷик аз кӯшиши навбатии убури ғайриқонунии марз ва қочоқи маводи мухаддир ба ҷумҳурӣ ҷилавгирӣ намуданд.

Тавре сухангӯи Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев иттилоъ дод, баъди нимашаби 9 август як гурӯҳи номаълуми иборат аз 4-5 нафар қочоқбарони мусаллаҳ дар дидбонгоҳҳои марзии «Шӯрообод»-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳин сарҳадро гузаштанӣ шуда, ба марзбонон дучор мешаванд.

«Марзшиканон ба талаботи сарҳадбонон риоя накарда, миёни онҳо задухӯрди мусаллаҳона сурат мегирад, ки дар натиҷа бо истифода аз торикии шаб қочоқбарон дар қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ мебаранд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷойи ҳодиса 5 кило маводи мухаддири сахттаъсири героин, силоҳи оташфишон бо тирҳояш дарёфт шуда, айни замон мақомоти марбута ба таҳқиқи ин ҳодиса машғул аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.