Ташкилотҳои қарзии минтақаҳо муттаҳид мешаванд

Се ташкилоти қарзии Тоҷикистон, ки дар минтақаҳои гуногун фаъолият доранд, тасмим гирифтаанд, ки муттаҳид шаванд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), Раёсати Бонк  тибқи моддаи 13 Қонуни ҶТн “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” бо қарори навбатии худ аз 9 августи соли ҷорӣ ба дархости ҶДММ ТҚХ “Мадина ва ҳамкорон”, ҶСП ТҚХ “Рушди […]

Asia--Plus



Се ташкилоти қарзии Тоҷикистон, ки дар минтақаҳои гуногун фаъолият доранд, тасмим гирифтаанд, ки муттаҳид шаванд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), Раёсати Бонк  тибқи моддаи 13 Қонуни ҶТн “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” бо қарори навбатии худ аз 9 августи соли ҷорӣ ба дархости ҶДММ ТҚХ “Мадина ва ҳамкорон”, ҶСП ТҚХ “Рушди занон” ва ҶСП ТҚХ “Кишоварзон” барои муттаҳидшавӣ розигӣ дод.

Қобили зикр аст, ки дафтари асосии кории ҶДММ ТҚХ “Мадина ва ҳамкорон” – дар шаҳри Хоруғ (ВМКБ), ҶСП ТҚХ “Рушди занон” – дар шаҳри Панҷакент (вилояти Суғд) ва ҶСП ТҚХ “Кишоварзон” – дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (собиқ Колхозобод)-и вилояти Хатлон қарор доранд.

Гуфта мешавад, дар робита ба ин, иҷозатномаҳои ташкилотҳои “Рушди занон” ва “Кишоварзон”, ки аз ҷониби БМТ барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шуда буд, бозхонд гашта, қарори Раёсати БМТ аз 13 нобяри соли 2015 дар бораи ҶДММ ТҚХ “Мадина ва ҳамкорон” аз эътибор соқит дониста шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҶДММ ТҚХ “Мадина ва ҳамкорон” уҳдадор карда шудааст, ки пас аз бақайдгирии давлатии азнавташкилдиҳӣ нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисотӣ ва санадҳои тасдиқшудаи ташкилотро ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намояд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.