Узрхоҳии расмии Комроншоҳи Устопириён аз мухлисон

Гуштигири маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён баъди мағлубият дар қувваозмоии нахстини мусобиқоти дзюдои Олимпиадаи Рио-де-Жанейро аз варзишгари гурҷӣ расман аз мухлисону ҳаводоронаш узрхоҳӣ кард. Дар саҳифаи фейсбукиаш ӯ дар ин хусус навиштааст: «4 соли сафар ва тамрину машқҳо, сабуксозиҳои вазн ва ҳамааш дар як рақобат барбод рафт! Ман аз тамоми мардуми Тоҷикистон узр мепурсам. Ман аз […]

Меҳрангез Турсунзода



Гуштигири маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён баъди мағлубият дар қувваозмоии нахстини мусобиқоти дзюдои Олимпиадаи Рио-де-Жанейро аз варзишгари гурҷӣ расман аз мухлисону ҳаводоронаш узрхоҳӣ кард.

Дар саҳифаи фейсбукиаш ӯ дар ин хусус навиштааст: «4 соли сафар ва тамрину машқҳо, сабуксозиҳои вазн ва ҳамааш дар як рақобат барбод рафт! Ман аз тамоми мардуми Тоҷикистон узр мепурсам. Ман аз уҳдаи кор набаромадам ва худро сафед карданӣ нестам… Ман қувваозмоиро бохтам! Иншоаллоҳ, рӯзҳои мо дар пешанд. Хайр Рио, акнун ба Токио-2020 омодагӣ мегирем».

Ёдрас мекунем, ки Комроншоҳи Устопириён, гуштигири шинохтаи тоҷик, дар қувваозмоии нахустин дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро аз рақиби гурҷиаш Варлам Липартелиани шикаст хӯрд. Вай рӯзи 10-уми август дар риштаи ҷудо дар вазни то 90 кило вориди рақобат гардид, аммо натавонист пирӯз шавад.

Ҳамин тариқ, боз 5 варзишгари тоҷик дар мусобиқоти минбаъдаи Олимпидаи Рио-де-Жанейро иштирок мекунанд. Рӯзи 12 август – гуштигир Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (дзюдо, +100 кг), рӯзҳои 11-13 – шиноварон Алим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (50 метр, тарзи озод), 15-17 август – Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) ва 17-19 август – Дилшод Назаров (гурзандозӣ) ба рақобат мепардозанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ. Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ

Коршиносон бар ин назаранд, ки рушди иқтисодӣ дар минтақа то 4,9% поин меравад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ғуломризо Баҳор то даргузашти Бобо Ҳоҷӣ ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.