Тоҷикистон бо Чину Покистон ва Афғонистон ба эътилофи низомӣ шомил мешавад?

– Чин, Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон доир ба таъсиси эътилоф дар масъалаи амнияти дастаҷамъӣ таҳти унвони «Механизми чорҷонибаи ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкорӣ» тавофуқ ҳосил карданд, – хабар медиҳад нашрияи покистонии The Express Tribune. Гуфта мешавад, ин кишварҳо ҷиҳати ҳамоҳангсозии талошҳо ва дастгирии мутақобила дар мубориза бо терроризм ба мувофиқа расидаанд. Созишҳо дар бораи таъсиси эътилофи низомӣ […]

Asia--Plus



– Чин, Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон доир ба таъсиси эътилоф дар масъалаи амнияти дастаҷамъӣ таҳти унвони «Механизми чорҷонибаи ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкорӣ» тавофуқ ҳосил карданд, –


хабар медиҳад


нашрияи покистонии The Express Tribune.

Гуфта мешавад, ин кишварҳо ҷиҳати ҳамоҳангсозии талошҳо ва дастгирии мутақобила дар мубориза бо терроризм ба мувофиқа расидаанд.

Созишҳо дар бораи таъсиси эътилофи низомӣ рӯзи 4 августи соли равон дар вохӯрии намояндагони мақомоти ҳарбии чор кишвар дар музофоти Синтзяни Чин

ба даст омадаанд

 . Дар ин вохӯрӣ Тоҷикистонро сардори ситоди Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Собирзода намояндагӣ кардааст.

ВАО-и Русия дар ин робита

менависанд

, агар тавофуқҳо дар амал татбиқ шаванд, эътилофи нав ба таъмини амнияти миллии ҳамаи кишварҳои узви он мусоидат хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, сиёсатмадор ва муаррихи русиягӣ Аждар Куртов ба саҳеҳияти маълумоти ВАО дар бораи таъсиси чунин эътилоф

шубҳа дошта

, қайд мекунад, ки ҷой доштани Чин дар рӯйхати эътилоф ин маълумотро начандон воқеъӣ бозтоб медиҳад.

«Чин ба ҳеҷ кадоме аз эътилофҳои низомӣ шомил набуда, ин самти усулии пешгирифтаи онҳост, ки чандин маротиба аз ҷониби раҳбарияти ин кишвар садо додааст. Ба хотири як сохтор бо шариконе чун Покистону Тоҷикистону Афғонистон, ба гумон аст, ки Чин аз ин самти сиёсаташ даст кашад», – иброз доштааст Куртов.

Ӯ қайд кардааст, ки Тоҷикистон аз имконоти пурзӯри низомӣ бархӯрдор нест. «Ин кишвар саноати ҳарбӣ надошта, аз воридоти аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ вобаста аст ва худи нерӯҳои мусаллаҳаш низ чандон бузург нестанд. Имконоти иқтисодии ҷумҳурӣ низ начандон назаррас аст. Узвияти Тоҷикистон ба кадом як эътилофи низомӣ барои кишвар ва тақвияти иқтидори мудофиавии он нафъи назаррасе намеорад. Агар раҳбарияти кишвар ба ин иқдом даст зада бошад, ин маҳз аз заъифӣ буда, умедворӣ ба дастрасии ҳадди ақал ягон кумак аст», – қайд кардааст сиёсатмадор.

Куртов таъкид намудааст, ки сиёсати бисёрҷонибаеро, ки дар Осиёи Марказӣ роҳандозӣ шудааст, Тоҷикистон нодуруст қабул карда, чунин мешуморад, ки дар як вақт метавон аз кишварҳои мусалмонӣ, СААД ва ИМА дастгирӣ ҷустуҷӯ намуд.

«Аз чунин бозиҳо маъмулан натиҷаи хубе ҳосил намешавад. Чунин сиёсат ба он дучор хоҳад шуд, ки аз ҷониби ҳамаи шарикон нобоварӣ ба вуҷуд меояд. Давлатеро, ки дар доираи як созмони минтақавӣ ба худ уҳдадориҳо мегираду сипас ба созмони рақобаткунандаи он шомил мешавад, боэътимод шуморидан душвор аст», – гуфтааст дар фарҷом сиёсатмадори рус.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.