Ифтитоҳи хатсайрҳои нави ширкати «Сомон Эйр»

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар бораи ифтитоҳи хатсайрҳои нав ба самтҳои Душанбе-Новосибирск ва Душанбе-Сочи эълон мекунад. Парвозҳо ба самтҳои мазкур ҳафтае як маротиба иҷро хоҳанд гашт – Новосибирск рӯзҳои чоршанбе ва Сочи рӯзҳои панҷшанбе. Парвози нахустин ба Новосибирск ба рӯзи 31 август ба нақша гирифта шудааст. Парвоз ба самти Душанбе-Сочи-Душанбе бошад 1 сентябр амалӣ хоҳад […]

Иттилоияи расмӣ



Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар бораи ифтитоҳи хатсайрҳои нав ба самтҳои Душанбе-Новосибирск ва Душанбе-Сочи эълон мекунад. Парвозҳо ба самтҳои мазкур ҳафтае як маротиба иҷро хоҳанд гашт – Новосибирск рӯзҳои чоршанбе ва Сочи рӯзҳои панҷшанбе.

Парвози нахустин ба Новосибирск ба рӯзи 31 август ба нақша гирифта шудааст. Парвоз ба самти Душанбе-Сочи-Душанбе бошад 1 сентябр амалӣ хоҳад шуд.

Вақти парвоз аз Душанбе ба Новосибирск – 20-40, вақти фурудоӣ дар Новосибирск – 00-40 ба вақти маҳаллӣ. Ҳавопаймо соати 02-30 бозпас ба Душанбе парвоз карда, соати 04-40 дар Душанбе фуруд меояд. Вақти парвоз 3 соатро ташкил медиҳад.

Вақти парвоз аз Душанбе ба Сочи – 11-30, вақти фурудоӣ дар Сочи – 13-20 ба вақти маҳаллӣ. Ҳавопаймо соати 15-00 бозпас ба Душанбе парвоз карда, соати 20-40 дар Душанбе фуруд меояд. Вақти парвоз 3 соату 50 дақиқа.

Илова бар ин, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар бораи барқарор кардани хатсайри Душанбе-Бишкек эълон мекунад. Сомон Эйр аз Душанбе ба пойтахти Қирғизистон ҳафтае як маротиба – рӯзҳои якшанбе парвоз хоҳад кард, бозпас бошад парвоз шаби душанбе иҷро мегардад.

Феълан «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия ва Қазоқистон бомуваффақият иҷро карда истодааст. Пойгоҳи ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.