Боз се моҳ тамдиди муҳлати маъмурияти муваққатӣ дар «Тоҷиксодиротбонк»

ASIA-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) муҳлати амали маъмурияти мувақкатӣ дар ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»-ро боз ба муҳлати се моҳ дароз кард, ки ин тадбир баҳри пурра барқарор намудани фаъолияти бонк равона гардидааст. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, қаблан 18 майи соли равон бо сабаби риоя накардани талаботи қонунгузорӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дуруст идора накардани хавфҳо, аз ҷумла […]



Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) муҳлати амали маъмурияти мувақкатӣ дар ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»-ро боз ба муҳлати се моҳ дароз кард, ки ин тадбир баҳри пурра барқарор намудани фаъолияти бонк равона гардидааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, қаблан 18 майи соли равон бо сабаби риоя накардани талаботи қонунгузорӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дуруст идора накардани хавфҳо, аз ҷумла хавфҳои қарзию пардохтпазирӣ ва ошкор кардани норасоиҳои молиявӣ, вайронкунии аксари меъёрҳои мақбул ва бо мақсади солимгардонии молиявӣ дар бонк ба муҳлати то се моҳ маъмурияти муваққатӣ таъин карда шуда, ҳамзамон намояндагони маъмурияти муваққатӣ дар панҷ филиалҳои минтақавии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» (Қӯурғонтеппа, Кулоб, Хоруғ, Рашт ва Хуҷанд), ки назорати фаъолияти филиалҳоро амалӣ менамоянд, таъин гардиданд.

Гуфта мешавад, дар муддати се моҳи фаъолияти худ маъмурияти муваққатӣ корҳои муайянеро оид ба солимгардонии фаъолият ва устувории кори бонк ба анҷом расонид ва натиҷаҳои зеринро ба даст овард:

– фаъолияти ҷории бонк ҳамарӯза назорат карда мешавад ва бо қабули қарорҳои муассир шаффофияти он таъмин мегардад;

– тибқи супориши Мудири муваққатӣ гурӯҳи бозгардонии қарзҳо, аз ҷумла қарзҳои мушкилситон ташкил карда шуд. Дар натиҷаи кори самаранок 41,5 млн. сомонӣ маблағи қарзи асосӣ ва 14,6 млн. сомонӣ фоизи онҳо, дар маҷмуъ 56,1 млн. сомонӣ баргардонида шуданд. Маблағҳои мазкур, пеш аз ҳама, барои пардохти уҳдадориҳои аввалиндараҷаи бонк равона гардиданд, аз ҷумла, пардохти саривақтии маблағҳо аз рӯи лоиҳаҳои музди меҳнат тавассути кортҳои пардохтӣ дар ҳаҷми умумии 7,5 млн. сомонӣ ба зиёда аз 30 ҳаз. нафар анҷом дода шуд;

– дар доираи ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар бонк ҳисобҳо доранд, шартномаҳо оиди тамдид кардани муҳлати амонатҳои амалкунанда баста шуданд, аз ҷумла амонатҳои муҳлатнок тамдид карда шуда, фоизи пасандозҳои 909 амонатгузор ба маблағи 133,4 млн. сомонӣ бознигарӣ шуд;

– Корҳо дар мавриди оптимизатсияи хароҷотҳо, коҳиш додани масрафи амалиётӣ ва хоҷагидорӣ амалӣ мегарданд.

«Дар баробари ин, – таъкид мешавад дар малумоти БМТ. – Бо мақсади таъмини фаъолияти муназзам ва устувори бонк гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои дахлдор ва институтсионалӣ зарур мебошад, ки амалӣ намудани онҳо вақти иловагӣ, беҳсозии идоракунии корпоративӣ ва аз ҷумла, тақвияти идорасозиро тақозо менамояд».

Зикр мегардад, ки айни замон дар навбати аввал фавран солимгардонии фаъолияти мукаммали «Тоҷиксодиротбонк» тавассути барқарорсозии сармояи он ва фаъолтар намудани корҳо дар самти баргардонидани қарзҳои мушкилситон ва саривақт иҷро кардани уҳдадориҳои бонк дар назди амонатгузорон ва кредиторон, инчунин барқарор намудани фаъолияти он ҳамчун бонки низомсози рақобатпазир афзалиятнок дониста мешавад.

Дар маълумот ҳамчунин қайд мешавад, ки бо ин мақсад, Бонки миллии Тоҷикистон гуфтушунидро бо БАТР идома дода, ба нақша гирифтааст, ки БАТР, ХБА ва Бонки Ҷаҳониро ба раванди таҳияи барномаи мукаммали дастгирии низоми бонкии Тоҷикистон ҷалб намояд.

Дар ҳамин ҳол, дар маълумоти БМТ доир ба аз ҷониби роҳбари маъмурияти муваққатии бонк Мирҳаёт Ёқубов

мавриди лату кӯб қарор гирифтани

сардори хадамоти ҳифзи меҳнат, мудофиаи гражданӣ ва назорати бехатарӣ аз сӯхтори «Тоҷиксодиротбонк» Абдулмуъмин Оев, ки хабарҳо дар ин бора дар ВАО қаблан интишор шуданд, чизе гуфта нашудааст, ҳарчанд маъмурияти муваққатии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» бо нашри як хабар дар сомонаи расмии худ изҳор намуд, ки аз ҷониби кормандони мудирияти муваққатӣ нисбат ба Оев А.

ягон фишори ҷисмонӣ истифода нагардидааст

».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Як сокини Кӯлоб барои содир кардани чанд ҷиноят 23 сол равонаи зиндон шудааст

Аз ҷумла ӯ, ба муомилоти беш аз 100 кг маводи мухаддир гунаҳкор дониста шуд.

Раиси Созмони истихбороти Сипоҳи посдорони Эрон ҳам дар пайи ҳамлаи Исроилу Амрико кушта шудааст

Ӯ соли гузашта пас аз кушта шудани Муҳаммад Козимӣ, раиси пешини Созмони иттилооти Сипоҳ ба ин мансаб таъин гардида буд.

Мақомот бори аввал ҷузъиёти куштори ду зану як кӯдак дар Кӯлобро шарҳ доданд

Додситонии Кӯлоб бар зидди Валӣ Сафаралӣ, шавҳари яке аз занони кушташуда барои одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

“Дар сарҳад мушкили ҷиддии амниятӣ вуҷуд надорад”. Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон дар ҳамоише дар Кобул суханронӣ кардааст

Дар муколамаи машваратии “Афғонистон ва Осиёи Марказӣ”, ки дирӯз дар Афғонистон гузашт, кӣ чӣ гуфт ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, барои сокинон “ташхису муоина ва машварати ройгон” ба роҳ мемонад

Ин ниҳод мегӯяд, сокинони кишвар имкон доранд, 3 рӯз аз ташхису муоинаи ройгон истифода кунанд.

Посухи Муҳаммадбоқир Қолибоф ба зарбулаҷали навбатии Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба нерӯгоҳ ва пулҳои Эрон

Трамп барои музокира бо Эрон то рӯзи чоршанбе, соати 3:30 ба вақти Теҳрон ва 5-и субҳ ба вақти Душанбе муҳлат додааст.