Имзои лоиҳаи таҳкими иқтидор дар самти коҳиши хатари офатҳо миёни Тоҷикистону Ҷопон

Asia--Plus

Генерал-лейтенант Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи силсиламулоқотҳояш бо сафирон, намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими Душанбе бо ҳайати Созмони кӯмакҳои башарии Корея Ҳамзистии мусолиматомези байналмилалӣ дар Тоҷикистон дидор кард. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумита, дар ҷараёни ин мулоқот масъалаҳои таҳияи дастури хониш барои мактаббачагон дар бораи […]



Генерал-лейтенант Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи силсиламулоқотҳояш бо сафирон, намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими Душанбе бо ҳайати Созмони кӯмакҳои башарии Корея Ҳамзистии мусолиматомези байналмилалӣ дар Тоҷикистон дидор кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумита, дар ҷараёни ин мулоқот масъалаҳои таҳияи дастури хониш барои мактаббачагон дар бораи он ки дар ҳолатҳои фавқулодда ва офатҳои табиӣ чӣ гуна бояд рафтор намоянд, ҳамчунин омодасозии китобчаҳои иттилоърасонӣ ва тақвимҳо дар ин самт баррасӣ шуданд.

Дар мулоқот бо Сафири тозатаъини Ҷопон дар Тоҷикистон ҷаноби Ҳадҷимэ Китаока Рохбари Кумита меҳмони олиқадрро бо самтҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ ва нақши ҳамоҳангсозии Кумита дар татбиқи амалии ин сиёсатҳо нақл кард.

Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои имзои Лоиҳаи Таҳкими иқтидор дар самти коҳиши хатарҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, ки бояд 7-уми сентябри соли равон сурат гирад, муҳокима намуданд.

Мулоқоти дигари Рустам Назарзода бо Сафири Фавқулодда ва мухтори Ҳиндустон дар Тоҷикистон Сомнатх Гош сурат гирифт.

Дар ин мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси Осиёгии вазоратӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо, ки қарор аст тирамоҳи соли ҷорӣ дар Ҳиндустон баргузор шавад, баррасӣ карданд.

Ҳамчунин, масъалаи имзои ҳуҷҷати дигари ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда низ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Дар поёни ҳамаи ин дидору мулоқот Сарвари Кумита ба меҳмонон барои ҳусни таваҷҷуҳашон ба ҳамкориҳо изҳори ташаккур кард ва ба муҳим будани татбиқи амалҳои муштарак таъкид намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Мақомот бори аввал ҷузъиёти куштори ду зану як кӯдак дар Кӯлобро шаҳр доданд

Додситонии Кӯлоб бар зидди Сафарлӣ Валӣ, шавҳари яке аз занони кушташуда барои одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

“Дар сарҳад мушкили ҷиддии амниятӣ вуҷуд надорад”. Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон дар ҳамоише дар Кобул суханронӣ кардааст

Дар муколамаи машваратии “Афғонистон ва Осиёи Марказӣ”, ки дирӯз дар Афғонистон гузашт, кӣ чӣ гуфт ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, барои сокинон “ташхису муоина ва машварати ройгон” ба роҳ мемонад

Ин ниҳод мегӯяд, сокинони кишвар имкон доранд, 3 рӯз аз ташхису муоинаи ройгон истифода кунанд.

Посухи Муҳаммадбоқир Қолибоф ба зарбулаҷали навбатии Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба нерӯгоҳ ва пулҳои Эрон

Трамп барои музокира бо Эрон то рӯзи чоршанбе, соати 3:30 ба вақти Теҳрон ва 5-и субҳ ба вақти Душанбе муҳлат додааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 60

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдураҳмон Абдуманнонов то даргузашти Мирзо Мастонгулов ва Рӯзи байналмилалии тенниси рӯйимизӣ

Ревоҷ, сиёҳалаф, пудина… Алафу гиёҳҳои баҳорӣ дар Тоҷикистон ва фоидаи онҳо ба саломатӣ

Дар бораи то чӣ андоза муфид будани онҳо барои солимии шахс маълумот медиҳем.