Нашри нахусти вомбаргҳои гурӯҳӣ дар Тоҷикистон

Asia--Plus

Бонки Эсхата ният дорад, ки бо миёнаравии ширкати брокерии «Прайм инвест» нашри нахусти вомбаргҳо (облигатсияҳо)-и гурӯҳӣ (корпоративӣ)-ро ба роҳ монда, онҳоро дар платформаи Биржаи фондии Осиёи Марказӣ ҷой диҳад. Раиси Раёсати ҶСК «Бонки Эсхата» Хуршед Носиров имрӯз зимни кори форуми сармоягузорӣ тахти унвони «Имконоти нав барои рушд» дар Душанбе дар ин робита изҳор намуд, ки […]



Бонки Эсхата ният дорад, ки бо миёнаравии ширкати брокерии «Прайм инвест» нашри нахусти вомбаргҳо (облигатсияҳо)-и гурӯҳӣ (корпоративӣ)-ро ба роҳ монда, онҳоро дар платформаи Биржаи фондии Осиёи Марказӣ ҷой диҳад.

Раиси Раёсати ҶСК «Бонки Эсхата» Хуршед Носиров имрӯз зимни кори форуми сармоягузорӣ тахти унвони «Имконоти нав барои рушд» дар Душанбе дар ин робита изҳор намуд, ки бонк ният дорад, ки ба миқдори 200 ҳазор дона ба маблағи 20 млн. бо арзиши 100 сомонӣ вомбаргҳо нашр намояд, ки меъёри солонаи вомбаргҳо 22%-ро ташкил дода, муҳлати гардишаш 2 сол аст.

Х.Носиров зикр кард, ки фурӯши коғазҳои қиматнок тариқи Биржаи фондии Осиёи Марказӣ роҳандозӣ мешавад.

Ба андешаи сарёвари президенти ҶТ оид ба масоили иқтисодӣ Завқӣ Завқизода, нашри нахусти вомбаргҳои гурӯҳӣ дар таърихи Тоҷикистон ба рушди соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвар мусоидат мекунад.

Вомбарг коғази қиматноке мебошад, ки ӯҳдадории эмитентро дар бобати ба соҳиби коғази қиматнок дар мӯҳлати муқарраргардида талофӣ намудани арзиши исмии он бо пардохти фоизи муайяншуда тасдиқ мекунад (агар дар шартҳои барориш чизи дигаре пешбинӣ нашуда бошад).

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Роҳбари Маркази тоҷикони Қазоқистон: Ҳамватанони мо маҳз дар “Азия-Плюс” маълумоти зарурӣ ва боэътимодро дар бораи Тоҷикистон мегиранд

Сисолагии “Азия-Плюс”-ро на танҳо шарикону сарпарастон, ҳамкасбону ҳаводорон ва хонандагон аз дохили Тоҷикистон, ҳамчунин берун аз он табрик мекунанд. Аз ҷумла, дирӯз аз номи...

Душанбе аз иҷрои нақшаи даъват ба артиш хабар дод. Суғд дар як рӯз 46%-и нақшаро пур кардааст

Дар рӯзи якуми маъракаи баҳории даъват ба артиш, нақшаи он дар тамоми кишвар 54,3% иҷро шудааст.

“Ҳамчун арзёбии пурра қабул кардан дуруст нест”. Вокуниши Оҷонсии ҳавошиносӣ ба радабандии пажуҳишгоҳи “IQAir” дар бораи ҳавои ифлоси Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи “IQAir” дар як гузориш навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистон аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.

“Сомон Эйр” аз оғози парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе – Уфа – Душанбе хабар дод

Маълум кардем, ки кай парвоз оғоз мешавад ва нархи чипта чанд аст.