Роҳхати Дилшод Назаров ба даври ниҳоии Олимпиада

Asia--Plus

Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, ки дар Олимпиадаи Рио ба мусобиқоти ниҳоии гурзандозӣ роҳ ёфт, барои ба даст овардани медали олимпӣ шанси хуб дорад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи милллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқоти ниҳоӣ шаби 19 август соати 21:05 ба вақти маҳаллӣ (соати 5:05-и 20 август ба вақти Душанбе) дар Варзишгоҳи олимпии шаҳри Рио-де-Жанейрои […]



Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, ки дар Олимпиадаи Рио ба мусобиқоти ниҳоии гурзандозӣ роҳ ёфт, барои ба даст овардани медали олимпӣ шанси хуб дорад.

Бино ба

иттилои

дафтари матбуоти Кумитаи милллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқоти ниҳоӣ шаби 19 август соати 21:05 ба вақти маҳаллӣ (соати 5:05-и 20 август ба вақти Душанбе) дар Варзишгоҳи олимпии шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия шурӯъ мешавад.

Барои медалҳо 12 гурзандози зӯртарини ҷаҳон аз 11 кишвар, ки аз рӯи натиҷагирии мусобиқоти интихобӣ ё квалификатсионӣ маълум шудаанд, мубориза мебаранд. Навбати онҳо дар рӯйхат чунин аст:1  Иван Тихон (Беларус).2.Диего дел Реал (Мексика).3.Кристиан Парс (Венгрия). 4. Марсел Ломински (Словакия). 5. Давид Содерберг (Финляндия).6. Вагнер Домингос (Бразилия). 7. Сергей Маргиев (Молдова). 8. Ашраф Амғад Ал Сайфӣ (Қатар). 9. Сергей Коломоетс (Беларус).10. Войтсех Новитски (Полша).11. Евгений Виноградов (Украина).12. Дилшод Назаров (Тоҷикистон).

Дилшод Назарови 34-сола, ки навбаташ охирин аст, таҳти рақами 2967 рақобат мекунад. Рекорди инфиродии ӯ 80 метру 71 сантиметр ва натиҷаи беҳтарини охиринаш 78.87 метр мебошад.

Дар сабқати ниҳоӣ рақибони аслии гурзандози тоҷик Иван Тихони 40-солаи беларус (рекорди инфиродиаш –  84.51 м, натиҷаи беҳтарини охиринаш – 80.04 м), Войтсех Новитскии 27-солаи лаҳистонӣ (рекорди инфиродиаш – 78.71 м, натиҷаи беҳтарини охиринаш – 78.36 м) ва Кристиан Парси 34-солаи маҷористонӣ (рекорди инфиродиаш – 82.69 м, натиҷаи беҳтарини охиринаш – 77.38 м) мебошанд.

Бояд тазаккур дод, рекорди ҷаҳонӣ бо натиҷаи 86.74 метр ба Юрих Седих (Иттиҳоди Шӯравӣ) мутааллиқ аст. Вай ин натиҷаро 30 августи соли 1986 дар Штутгарти Олмон нишон додааст. Рекорди олимпӣ бошад, 84.80 метр аз ҷониби Сергей Литвинов (Иттиҳоди Шӯравӣ) 26 сентябри соли 1988 дар Сеули Кореяи Ҷанубӣ гузошта шудааст.

Зимнан, варзишгари машҳури тоҷик Андрей Абдувалиев соли 1992 дар Бозиҳои олимпии Барселона (Испания) дар гурзандозӣ бо натиҷаи 82.54 метр бо медали тилло сарфароз гаштааст.

Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия то рӯзи 21 август идома мекунанд.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Як сокини Кӯлоб барои содир кардани чанд ҷиноят 23 сол равонаи зиндон шудааст

Аз ҷумла ӯ, ба муомилоти беш аз 100 кг маводи мухаддир гунаҳкор дониста шуд.

Раиси Созмони истихбороти Сипоҳи посдорони Эрон ҳам дар пайи ҳамлаи Исроилу Амрико кушта шудааст

Ӯ соли гузашта пас аз кушта шудани Муҳаммад Козимӣ, раиси пешини Созмони иттилооти Сипоҳ ба ин мансаб таъин гардида буд.

Мақомот бори аввал ҷузъиёти куштори ду зану як кӯдак дар Кӯлобро шарҳ доданд

Додситонии Кӯлоб бар зидди Валӣ Сафаралӣ, шавҳари яке аз занони кушташуда барои одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

“Дар сарҳад мушкили ҷиддии амниятӣ вуҷуд надорад”. Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон дар ҳамоише дар Кобул суханронӣ кардааст

Дар муколамаи машваратии “Афғонистон ва Осиёи Марказӣ”, ки дирӯз дар Афғонистон гузашт, кӣ чӣ гуфт ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, барои сокинон “ташхису муоина ва машварати ройгон” ба роҳ мемонад

Ин ниҳод мегӯяд, сокинони кишвар имкон доранд, 3 рӯз аз ташхису муоинаи ройгон истифода кунанд.

Посухи Муҳаммадбоқир Қолибоф ба зарбулаҷали навбатии Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба нерӯгоҳ ва пулҳои Эрон

Трамп барои музокира бо Эрон то рӯзи чоршанбе, соати 3:30 ба вақти Теҳрон ва 5-и субҳ ба вақти Душанбе муҳлат додааст.