Зоирони аввалини Тоҷикистон ба Мадина расиданд

Asia--Plus

Гурӯҳи аввалини иборат аз 185 нафари зойирини Тоҷикистон субҳи рӯзи 21 август аз Душанбе ба макони муқаддаси Ислом – шаҳри Мадина раҳсипор шуд. Афшин Муқим, котиби матбуотии Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои милии назди ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ додааст, ки  имсол сафар ба макони муқаддаси ислом ва бозгашти нисфе аз зоирон […]



Гурӯҳи аввалини иборат аз 185 нафари зойирини Тоҷикистон субҳи рӯзи 21 август аз Душанбе ба макони муқаддаси Ислом – шаҳри Мадина раҳсипор шуд.

Афшин Муқим, котиби матбуотии Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои милии назди ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ додааст, ки  имсол сафар ба макони муқаддаси ислом ва бозгашти нисфе аз зоирон ба ватанро ширкати ҳавопаймоии миллии «Сомон Эйр» ва қисмати боқимондаро ширкати ҳавопаймоии «Flynas»-и Арабистони Саудӣ таъмин мекунанд.

Тибқи нақша, сафари зоирони тоҷик то 5 сентябр идома ёфта, муҳлати бозгашт аз он ҷо аз 17 сентябр оғоз мегардад. Арзиши ҳаҷи имсола дар Тоҷикистон 28 ҳазору 649 сомониву 10 дирамро ташкил медиҳад.

Кумитаи умури дин 5 ҳазор сомонӣ нисбат ба соли гузашта афзудани арзиши ҳаҷи имсоларо ба болоравии қурби доллари ИМА, ҳамчунин таъмини шароитҳои беҳтар барои зоирон дар Маккаву Мадина нисбат ба солҳои пешин рабт додааст.

Қобили зикр аст, ки соли равон беш аз 6 ҳазор нафар тоҷикистониён ба зиёрати Хонаи Худо ба Арабистони Саудӣ мераванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.