Дастоварди толибилмони тоҷик дар Олимпиадаи Таиланд

Asia--Plus

Дар Олимпиадаи байнулмилалии наврасони Осиё аз фанни математика, ки рӯзҳои 14-20 август дар Таиланд доир гардид, толибилмони Тоҷикистон 4 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Толибилмони синфҳои 7, 8 ва 9-уми Литсей-интернати Тоҷикистону Русия «Ҳотам ва П.В.». Шоҳрух Исоматов, Наим Хонҷонов ва Меҳрон Бобохонов ва хонандаи синфи 9-уми Литсей барои кӯдакони лаёқатманд Парвиз Алиев ба дарёфти […]



Дар Олимпиадаи байнулмилалии наврасони Осиё аз фанни математика, ки рӯзҳои 14-20 август дар Таиланд доир гардид, толибилмони Тоҷикистон 4 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Толибилмони синфҳои 7, 8 ва 9-уми Литсей-интернати Тоҷикистону Русия «Ҳотам ва П.В.». Шоҳрух Исоматов, Наим Хонҷонов ва Меҳрон Бобохонов ва хонандаи синфи 9-уми Литсей барои кӯдакони лаёқатманд Парвиз Алиев ба дарёфти медалҳои Олимпиада шарафёб гардида, дар рақобати умумидаставӣ Тоҷикистон 190 балл касб кардааст.

Ёдрас мекунем, ки ҳамин моҳ дар Олимпиадаи байнулмилалӣ аз фанни информатика дар шаҳри Қазони Русия толибилмони Тоҷикистон 1 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ

ба даст оварда

, бо дарёфти 860 имтиёз Тоҷикистон қариб аз нисфи дастаҳои иштирокчии Олимпиада (88 даста) пеш гузашта буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Танҳо барои мошинҳои боркаш. Дар ду даромадгоҳи Душанбе низоми вазнченкунӣ насб мекунанд

Дар ду даромадгоҳи пойтахт, ки худравҳо аз сӯйи Турсунзода ва Бохтар ба Душанбе ворид мешаванд, нуқтаҳои вазнченкунӣ барои мошинҳои боркаш ва калонҳаҷм сохта мешавад....

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Шабонарӯзи гузашта дар Эрон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна чӣ гузашт, дар ин матлаби мо хонед.

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.