Президенти Ширкати «ТВЕА» дар ҳузури сарвазир

АМИТ «Ховар»

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Президенти Ширкати  «ТВЕА»-и  Ҷумҳурии  мардумии  Чин Чжан Син мулоқот кард. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» , дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин ширкати номдори Ҷумҳурии мардумии Чин мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Гуфта мешавад, ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба анҷоми бомуваффақи сохтмони навбати […]



Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Президенти Ширкати  «ТВЕА»-и  Ҷумҳурии  мардумии  Чин Чжан Син мулоқот кард.

Бино ба иттилои

АМИТ «Ховар»

, дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин ширкати номдори Ҷумҳурии мардумии Чин мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба анҷоми бомуваффақи сохтмони навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ва амалисозии лоиҳаи сохтмони хатти барқи баландшидати 220  киловаттаи  Айнӣ-Панҷакент  табодули афкор намуданд.

Таъкид шуд, ки Ширкати «ТВЕА»-и Ҷумҳурии мардумии Чин аз дастгирию таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста  бархурдор буда, ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳояш дар татбиқи ин лоиҳаҳои ҳаётан муҳим талошҳои зиёд ба харҷ хоҳад дод.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба  дигар масъалаҳои вобаста ба ҳамкории дуҷониба дар сохтмони иншооти энергетикӣ ва омодасозии мутахассисони таҷрибадор барои соҳаи энергетикаи Тоҷикистон табодули афкори судманд баргузор шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.