Ҳукумат як қатор қонунҳои муҳимро тасдиқ кард

Таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат лоиҳаи як қатор қонунҳо, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни ҶТ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози ҶТ, Қонуни ҶТ […]



Таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат лоиҳаи як қатор қонунҳо, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни ҶТ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози ҶТ, Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок», Қонуни ҶТ «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии ҶТ, Қонуни ҶТ «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мақомоти амнияти миллии ҶТ», Қонуни ҶТ «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии ҶТ» ва Қонуни ҶТ «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини ҶТ» маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешниҳод гардид.

Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ҳамчунин лоиҳаи  Созишномаи  сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳуди “Хенан Чжун-Я Гурӯҳи Холдингӣ”-и Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли амиак ва карбамид дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дар заминаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Азот” пешниҳод шуд.

Сипас дар кори маҷлиси навбатии Ҳукумат лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат оид ба номивазкунии баъзе маҳалҳои аҳолинишин”, “Дар бораи Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019”, “Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаҳои тайёрии варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои иловапулӣ дар соҳаи варзиш”, “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсияи рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи Тартиби пардохти нафақа ба нафақагироне, ки дар муассисаҳои давлатии статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ дар таъминоти пурраи давлат мебошанд”, “Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда”, “Дар бораи таъсис додани Комиссияи давлатии қабул барои ба истифода супоридани қитъаи Шоҳон – Зиғари (марҳилаи 3) роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаихумб” ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра лоиҳаи дигар қарорҳо мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони тамоми сохтору идораҳои назди Ҳукумат  ва дигар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ барои иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии масъалаҳои дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасишуда ва дигар масъалаҳои муҳиму рӯзамараи  ҷомеа, аз ҷумла омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовори ҷашни 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат, таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои соҳаҳои роҳу нақлиёт, саноат ва кишоварзӣ, гузаронидани ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ дар саросари ҷумҳурӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, намоиши қолинҳои дастбоф, тарғиби васеи либосҳои миллии адрасу атлас ва фуруши онҳо, омодагии тамоми муассисаҳои таълимии кишвар ба рӯзи дониш, равшаннамоии хиёбонҳо, кӯчаҳои марказӣ ва боғу гулгаштҳои шаҳру ноҳияҳо ва баланд бардоштани маданияти шаҳрвандӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.