Мақомот: тоҷики бо 141 кило героин дар Озарбойҷон боздоштшуда аъзои ҲНИТ аст

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон мегӯянд, шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо миқдори зиёди маводи мухаддири сахттаъсири героин дар марзи гумрукии Озарбойҷон дастгир шуда буд, аъзои Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад. Тавре дар маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон зикр мегардад, Муҳаммадҷон Исмоилови  31-сола, сокини шаҳраки Қалъаи Ҳисори ноҳияи Ҳисор аъзои ҲНИТ буда, се моҳ пеш ба […]



Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон мегӯянд, шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо миқдори зиёди маводи мухаддири сахттаъсири героин дар марзи гумрукии Озарбойҷон дастгир шуда буд, аъзои Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад.

Тавре дар маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон зикр мегардад, Муҳаммадҷон Исмоилови  31-сола, сокини шаҳраки Қалъаи Ҳисори ноҳияи Ҳисор аъзои ҲНИТ буда, се моҳ пеш ба Эрон рафтаааст ва он ҷо дар яке аз ширкатҳои байналмилалии автомобилӣ  ба кор даромада, бо дарёфти маводи мухаддир дар Эрон, барои фурӯш ба маблағи 3 млн. доллари ИМА онро ба Озарбойҷон интиқол доданӣ шудааст, вале аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии гумруки Озарбойҷон бо 141 кило героин дастгир мешавад.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи август як шаҳрванди Тоҷикистон бо миқдори зиёди маводи мухаддири сахттаъсири героин дар марзи гумрукии Озарбойҷон дастгир шуда, зимни азназаргузаронии автомашинаи боркаш тариқи дастгоҳи рентгенӣ дар пинҳонгоҳи он

141 килову 156 грамм маводи нашъаовари героин

дарёфт шуд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.