Авбошии маҳбуси собиқ дар яке аз корхонаҳои хусусии пойтахт

Марди 26-солаи сокини шаҳри Душанбе, муҳофизи яке аз корхонаҳои хусусӣ ба мақомоти милитсия муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки як шахси номаълум ӯ ва се тан аз ҳамкоронашро мавриди лату кӯб қарор додааст. Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин робита менависад, ин шахс дар даромадгоҳи ҷойи корӣ бо олоти халандаю буранда ба пойи рости муҳофиз зарба […]



Марди 26-солаи сокини шаҳри Душанбе, муҳофизи яке аз корхонаҳои хусусӣ ба мақомоти милитсия муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки як шахси номаълум ӯ ва се тан аз ҳамкоронашро мавриди лату кӯб қарор додааст.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин робита менависад, ин шахс дар даромадгоҳи ҷойи корӣ бо олоти халандаю буранда ба пойи рости муҳофиз зарба зада, сипас  ҳамкоронаш, марди 30-сола ва 26-солаи сокинони шаҳри Душанберо низ зери лату кӯб қарор додааст, ки дар натиҷа ҷабрдидагон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.

Гуфта мешавад, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар ин ҷинояти авбошӣ марди 26-солаи сокини шаҳри Душанберо, ки қаблан бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир намудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати гумонбаршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти ҳодиса идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.