Ташрифи раиси вилояти Суғд ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Дар доираи сафари кории худ ба водии Зарафшон раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ташриф оварда, дар мавзеъи дашти Рогиф бо рафти корҳои созандагиву бунёдкорӣ шинос шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ бо супориши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  як шаҳраки наву замонавӣ бо номи Меҳрон бунёд ёфта […]



Дар доираи сафари кории худ ба водии Зарафшон раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ташриф оварда, дар мавзеъи дашти Рогиф бо рафти корҳои созандагиву бунёдкорӣ шинос шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ бо супориши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  як шаҳраки наву замонавӣ бо номи Меҳрон бунёд ёфта истодааст.

«Дар мавзеи дашти Рогиф барои ташкили маркази нави маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар масоҳати 21 гектар, ки аз ин 15 гектар барои сохтмони биноҳои маъмурию хизматрасонӣ ва 6 гектар барои қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ мебошад, сохтмони иншооти муҳим ҷараён дошта, тибқи нақша дар ин макон бунёди бинои нави мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, хонаҳои истиқоматӣ, нуқтаи оташнишонӣ ва дигар иншооти маъмурии соҳавӣ пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, зимни шиносоиҳо раиси вилоят масъулинро ба саривақт анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва ҷавобгӯ будани иншооти сохташаванда ба меъёру талаботи сохтмонӣ вазифадор намуд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар марҳилаи аввали корҳои сохтмони шаҳраки Меҳрон дар ин ноҳия аз буҷети ҷумҳурӣ ва вилоят 10 млн. сомонӣ ва барои таъмини шаҳрак бо оби нӯшокӣ аз буҷети вилоят 1,5 лн. сомонӣ маблағ ҷудо гардида, оби нӯшокӣ ба шаҳрак аз дарёчаи Каллахона тариқи қубурҳои 250 миллиметраи фишори баланд аз масофаи 7,2 километр ҷорӣ хоҳад шуд

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.