Толибон ба қаламрави Тоҷикистон ворид шуданӣ буданд

Asia--Plus

Гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз 8-9 нафар шаби 21 август тариқи гузаргоҳи марзии «Сайёд»-и дидбонгоҳи сарҳадии Ҳамадонии вилояти Хатлон марзи Афғонистону Тоҷикистонро гузаштанӣ шуданд. Тавре котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод, миёни ин гурӯҳ ва марзбонони тоҷику кормандони КДАМ дар ноҳияи Ҳамадонӣ задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифтаааст. «Дар натиҷа 2 тан аз […]



Гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз 8-9 нафар шаби 21 август тариқи гузаргоҳи марзии «Сайёд»-и дидбонгоҳи сарҳадии Ҳамадонии вилояти Хатлон марзи Афғонистону Тоҷикистонро гузаштанӣ шуданд.

Тавре котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод, миёни ин гурӯҳ ва марзбонони тоҷику кормандони КДАМ дар ноҳияи Ҳамадонӣ задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифтаааст.

«Дар натиҷа 2 тан аз марзшиканон – шаҳрвандони Афғонистон Суҳбатулло валади Ҷаҳонгир ва Маҳмадмӯсо валади Муҳаммад ҳалок ва як нафари онҳо захмӣ шуда, боқимонда дар қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ бурданд», – иброз дошт номбурда.

Ба қавли ӯ, муайян карда шудааст, ки кушташудагон аъзои фаъоли гурӯҳи террористии «Толибон» мебошанд.

Қобили зикр аст, ки аз оғози соли равон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон бо масофаи умумии 1344 километр 19 задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, 10 нафар марзшиканон кушта шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

11 сол зиндон ба сармуҳосиби беморхонаи марказии Варзоб. Ӯ барои тасарруфи беш аз 1,1 млн сомонӣ гумонзад буд

Додгоҳи Варзоб Бахтовар Сиддиқов, сармуҳосиби беморхонаи марказии ин ноҳияро, ки ба тасарруфи беш аз 1,1 млн сомонӣ аз буҷа гумонзад мешуд, ба 11 соли...

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Шабонарӯзи гузашта дар Эрон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна чӣ гузашт, дар ин матлаби мо хонед.

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.