Густариши ҳамкориҳои коммунистони Тоҷикистону Чин

Аваз Юлдошев

Дар сафоратхонаи Чин дар Тоҷикистон рӯзи 23 август вохӯрии намояндагони масъули сафорат бо раҳбарияти Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) доир гардид. Раиси ҲКТ Исмоил Талбаков ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки ин вохӯрӣ бо дастури Раёсати ҳамкориҳои байнулмилалии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чин барпо шуда, дар он масъалаҳои роҳандозӣ ва густариши ҳамкориҳо миёни аҳзоби коммунисти ҳарду кишвар […]



Дар сафоратхонаи Чин дар Тоҷикистон рӯзи 23 август вохӯрии намояндагони масъули сафорат бо раҳбарияти Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) доир гардид.

Раиси ҲКТ Исмоил Талбаков ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки ин вохӯрӣ бо дастури Раёсати ҳамкориҳои байнулмилалии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чин барпо шуда, дар он масъалаҳои роҳандозӣ ва густариши ҳамкориҳо миёни аҳзоби коммунисти ҳарду кишвар баррасӣ шуданд.

«Мо қайд кардем, ки нақши сармояи Чин дар рушди иқтисоди Тоҷикистон хеле бузург буда, коммунистони тоҷик сиёсати хориҷии кишварро нисбат ба ҳамсояи бузурги худ, ки онро президенти Тоҷикистон чандин маротиба «стратегӣ» унвон кард, дастгирӣ мекунанд», – зикр кард Талбаков.

Ба гуфтаи ӯ, дар мулоқот ҳамчунин атрофи масоили табодули таҷриба миёни ҳайатҳои Ҳизбҳои коммунисти Тоҷикистону Чин табодули назар сурат гирифтааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.