Президент ба фаъолияти сардхонаи сабзавоту мева дар Сарбанд оғоз бахшид

Дар ҳошияи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Рӯдакии шаҳри Сарбанд ба фаъолияти сардхонаи ҶДММ «Субҳи Сарбанд» расман оғоз бахшид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сардхона имкони нигоҳдории то 1000 тонна меваю сабзавот мавҷуд буда, аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Субҳи Сарбанд» бунёд гардидааст. […]

Asia--Plus



Дар ҳошияи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Рӯдакии шаҳри Сарбанд ба фаъолияти сардхонаи ҶДММ «Субҳи Сарбанд» расман оғоз бахшид.

Бино ба

иттилои

хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сардхона имкони нигоҳдории то 1000 тонна меваю сабзавот мавҷуд буда, аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Субҳи Сарбанд» бунёд гардидааст.

Гуфта мешавад, сардхона бо технологияи муосир ба маблағи 2 миллиону 645 ҳазор сомонӣ муҷаҳҳаз гардида, дар он нигоҳдории маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст ва баробари ба истифода додани он 25 нафар сокинони шаҳри Сарбанд бо ҷойи кор таъмин карда шудаанд.

Зикр мегардад, ки дар шафати  сардхона коргоҳи истеҳсоли қуттиҳои пластикӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар як шабонарӯз то 1500 дона қуттӣ истеҳсол мекунад. Чунин қуттиҳои пластики қаблан аз хориҷи мамлакат бо нархи гарон ворид карда мешуд. Минбаъд хоҷагидорон имкон доранд бо нархи дастрас аз ин коргоҳ қуттиҳои пластикиро харидорӣ намоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.