Қушӯнҳои сарҳадӣ маълумоти худашон доир ба ҳамлаи толибонро рад мекунанд

Хадамоти матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон маълумоти робита доштани шаҳрвандони Афғонистон ба ҳаракати Толибонро рад мекунад. Ин шаҳрвандони кишвари ҳамсоя рӯзи 21 август марзи давлатиро ғайриқонунӣ гузаштанӣ буданд. Раддияи Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистонро дар зер манзуратон мегардонем: «Тавре Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ қаблан иттилоъ дода буд, соати 02.00-и 21-уми августи соли […]

Asia--Plus



Хадамоти матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон

маълумоти

робита доштани шаҳрвандони Афғонистон ба ҳаракати Толибонро рад мекунад. Ин шаҳрвандони кишвари ҳамсоя рӯзи 21 август марзи давлатиро ғайриқонунӣ гузаштанӣ буданд.

Раддияи Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистонро дар зер манзуратон мегардонем:

«Тавре Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ қаблан иттилоъ дода буд, соати 02.00-и 21-уми августи соли ҷорӣ, зимни амалиёти муштараки марзбонони тоҷик ва Шӯъбаи КДАМ ҶТ дар минтақаи сарҳадии «Сайёд»-и ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, убури ғайриқонунии сарҳадии давлатӣ аз ҷониби гурӯхи 9-нафараи қочоқчиёни афғон, ки кӯшиши интиқоли маводи мухаддирро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доштанд, пешгирӣ гардид.

Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, ҷасади ду қочоқчии афғон ёфт гардида, 1 адад силоҳи оташфишони АКМ-7,62, 6 адад тирдон бо 180 дона тири қутраш 7,62,  1 дона норинҷаки  РГД-5 мусодира карда шуд. Ҷасадҳо расман ба намояндагии мақомоти сарҳадии ҶИА баргардонида шуданд. Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Мутаассифона, хабари мазкурро баъзе расонаҳо, аз ҷумла “Азия-Плюс”, “Озодагон”, “Авеста”, “Тоҷикистон”, “Спутник” ва ғайра, ба таври ғалат шарҳ дода, кочоқчиёни безараргардонидашударо ба ҷангиёни гурӯҳи Толибон нисбат додаанд.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ бо тамоми масъулият изҳор медорад, ки амалиёти мазкур танҳо як ҳодисаи пешгирии кирдори ҷинояткоронаи қочоқчиён буд.

Дар робита бо ин, аз кулли расонаҳо бо ҷиддият тақозо мегардад, ки минбаъда зимни истифодабарӣ аз хабарҳои Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба сӯистифода ва таҳрифи маълумоти расмӣ роҳ надиҳанд».

Дар ҳамин ҳол, дар иттилоияи рӯзи 22 август интишоршудаи хадамоти матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон зикр гардида буд, ки ду қочоқбари кушташуда аъзои гурӯҳи террористии Толибон буда, ба яке аз гурӯҳи фаъолони қочоқчии афғон Турак шомил будаанд.

Дар зер нусхаи иттилоияи хадамоти матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон бо имзои сардори хадамот М.Улуғхоҷаевро манзуратон мегардонем, ки тариқи почтаи электронӣ ба идораи мо расида буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.