Ифтитоҳи корхонаи навбатии бузурги истеҳсоли семент дар Ёвон

Asia--Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо пахши таҷҳизоти  рамзӣ ба фаъолияти дуюмин корхонаи бузурги истеҳсоли семент дар ноҳияи Ёвон – ҶДММ «Чжунгтсай Моҳир Семент» асос гузошт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, корхонаи мазкур бо иқдоми соҳибкори ватанӣ  Баҳриддин Ҷӯрахонов дар майдони 22 гектар бунёд гардида, барои сохтмони он сармояи  умумӣ дар ҳаҷми  958 миллион […]



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо пахши таҷҳизоти  рамзӣ ба фаъолияти дуюмин корхонаи бузурги истеҳсоли семент дар ноҳияи Ёвон – ҶДММ «Чжунгтсай Моҳир Семент» асос гузошт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, корхонаи мазкур бо иқдоми соҳибкори ватанӣ  Баҳриддин Ҷӯрахонов дар майдони 22 гектар бунёд гардида, барои сохтмони он сармояи  умумӣ дар ҳаҷми  958 миллион сомонӣ ҷалб шудааст, ки  35 фоизи ин маблағ  саҳми соҳибкори ватанӣ ва боқимонда 65 фоиз сармояи хориҷӣ мебошад.

Дар заминаи корхонаи мазкур  аз  ҳисоби  маблағҳои умумӣ  бунёду ба истифода додани коргоҳи истеҳсоли варақаҳои гаҷӣ бо маблағи  120 миллион сомонӣ ва иқтидори 1 миллион метри квадратӣ дар як сол ҳамчунин бунёди  коргоҳи истеҳсоли халтаҳои қоғазӣ бо маблағи  80  миллион  сомонӣ ва иқтидори 80 миллион халта дар як сол дар назар дошта шудааст.

Иқтидори истеҳсолии корхона  ба  1 миллиону 200 ҳазор тонна семент дар  як сол баробар  буда, оянда  дар он  ва  ду  корхонаи дигари дар марҳилаи дуюм бунёдшаванда  850 нафар бо ҷойи  кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Ёдрас мекунем, ки соли 2013 дар ноҳияи Ёвон корхонаи истеҳсоли сементи «Хуаксин Ғаюр семент» бо иқтидори 1 млн. тонна семент дар як сол ба истифода дода шуда, ки дар муддати як сол бо сармоягузории соҳибкорони ватанӣ (25%) ва сармояи хусусии Чин (75%) сохта шуд.

Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ, нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 15 корхонаи истеҳсоли семент фаъолият дошта, беш аз 870 ҳазор тонна семент истеҳсол карданд, ки нисбат ба 6 моҳи аввали соли 2015 ба андозаи 30,1% зиёдтар аст. Зиёда аз 422 ҳазор тонна семент дар корхонаи «Хуаксин Ғаюр семент» истеҳсол шудааст.

Дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ қайд карданд, ки айни замон Тоҷикистон талаботи худро ба семент пурра қонеъ мекунад ва қисмате аз ин масолеҳи сохтмон ба хориҷи кишвар содирот мешавад. Тӯли 6 моҳи соли равон аз Тоҷикистон ба Афғонистону Қирғизистон ҳудуди 200 ҳазор тонна семент содирот шудааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.