Иқдоми соҳибкор ба бунёди мактаб бо ҳидояти президент

Эмомалӣ Раҳмон  дар маркази  шаҳраки Ёвон  ба сохтмони як Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ  барои 640 ҷойи нишаст дар як баст  санги асос  гузошт. Бо дастур ва ҳидоятҳои бевоситаи   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони ин муассисаи таълимӣ соҳибкори ватандӯст Баҳриддин Ҷӯрахонов, ки саҳмдори Корхонаи истеҳсоли сементи “Чжунгтсай Моҳир Семент” мебошад, иқдом  гирифтааст. Бино […]

Asia--Plus



Эмомалӣ Раҳмон  дар маркази  шаҳраки Ёвон  ба сохтмони як Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ  барои 640 ҷойи нишаст дар як баст  санги асос  гузошт. Бо дастур ва ҳидоятҳои бевоситаи   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони ин муассисаи таълимӣ соҳибкори ватандӯст Баҳриддин Ҷӯрахонов, ки саҳмдори Корхонаи истеҳсоли сементи “Чжунгтсай Моҳир Семент” мебошад, иқдом  гирифтааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, тибқи нақша дар ин маҳалла Баҳриддин Ҷӯрахонов  аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорӣ дар давоми 18 моҳ бо харҷи   14  млн сомонӣ мактаби  сеошёнаи  замонавӣ  ва  дорои  шароити муосири таълиму тарбия  бунёд  менамояд.

Хотиррасон  мешавад, ки  дар  ноҳияи  Ёвон  ин  дуюмин  иқдоми соҳибкор  дар бунёди  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ буда, моҳи апрели соли равон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар деҳаи  Даҳанаи  ноҳия як мактаби хуштарҳу замонавии барои 640 ҷойи нишаст дар як баст  аз ҳисоби маблағҳои ин соҳибкор бунёдгардида мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда буд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои чунин иқдоми нек  бори дигар ба  соҳибкор Баҳриддин Ҷурахонов изҳори сипосу минатдорӣ карда, ин  амали созандаро барои доираи дигари соҳибкории мамлакат  намунаи ибрат арзёбӣ намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.