Дарёфти ҷасади кӯҳнаварди руси дар қуллаи Сомонӣ ҳалокшуда

Ҷасади кӯҳнаварди рус Михаил Волков, ки рӯзи 14 август ҳангоми фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ дар Тоҷикистон ҳалок шуда буд, аз ҷониби наҷотдиҳандагон клуби кӯҳнавардии Донишкадаи авиатсионии Маскав ва ширкати сайёҳии тоҷикистонии «ПомирПикс» дарёфт шуд. Раиси Шӯрои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон Давлат Ҳабибов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҷасади раиси клуби кӯҳнавардии Донишкадаи […]

Asia--Plus



Ҷасади кӯҳнаварди рус Михаил Волков, ки рӯзи 14 август ҳангоми фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ дар Тоҷикистон ҳалок шуда буд, аз ҷониби наҷотдиҳандагон клуби кӯҳнавардии Донишкадаи авиатсионии Маскав ва ширкати сайёҳии тоҷикистонии «ПомирПикс» дарёфт шуд.

Раиси Шӯрои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон Давлат Ҳабибов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҷасади раиси клуби кӯҳнавардии Донишкадаи авиатсионии Маскав Михаил Волков рӯзи 22 август дарёфт шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон корҳои ҷустуҷӯи ҷасади кӯхнавардзани рус Наталя Светова, ки ҳамроҳи Волко фавтида буд, идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки

субҳи рӯзи 14 август

зимни фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ дар Тоҷикистон ду кӯҳнаварди Русия – раиси клуби кӯҳнавардии МАИ Михаил Волков ва Наталя Светова ба ҳалокат расиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.