«Саводнокии молиявӣ»: Афзалият ва камбудиҳои кортҳои пластикӣ

Date:


Дар мавзӯи гузашта мо оид ба кортҳои пластикӣ сухан ронда, маводи имрӯзаро доир ба афзалият ва камбудиҳои кортҳои бонкӣ омода намудем.

Албатта истифодаи кортҳои пластикӣ ба истифодабаранда афзалиятҳои зиёд медиҳад, ки дар байни онҳо якчандро муайян намудан лозим аст.


1. Дастрас будани суратҳисоб.

Қисми зиёди бонкҳо аз рӯи реҷаи 24\7 яъне 24 соат  дар 7 рӯзи ҳафта кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки истифодабарандаи корт метавонад маблағро аз суратҳисоби худ новобаста аз реҷаи кории бонк дар вақти дилхоҳ гирад.


2. Амниятӣ.

Корт дар ҳама ҳолат маблағи нақдро иваз карда метавонад. Бо худ гирифта гаштани маблағи калон зарурат надорад ва дар навбати худ гум шудани маблағ имконнопазир аст. Дар ҳоли гум шудан ё рабудани корт Шумо бояд ба бонк муроҷиат карда фаъолияти онро қатъ намоед.


3. Амалнокӣ.

Ин бартарии муҳими корт аст, зеро он дар ҳақиқат ҳаёти мизоҷро, хусусан дар хориҷи кишвар осон мегардонад. Нахуст бо худ бурдани асъори хориҷӣ лозим нест. Шумо ҳамеша пардохтҳоро тариқи корт гузаронида метавонед. Дарди сар аз даводави мубодилаи асъор ва ҳуҷҷатҳои вобаста ба он  вуҷуд надорад, чунки ин вазифаи бонк аст. Ғайр аз он, Шумо ҳама вақт пули нақди дар суратҳисоб бударо аз банкомат гирифта метавонед. Ёдовар мешавем, ки дар амалиёти пардохтии беш аз 200 кишвари саросари ҷаҳон кортҳои пластикӣ истифода бурда мешавад.


4. Харид ва пардохт тариқи шабакаи Интернет.

Тиҷорат дар интернет рушд ёфта истодааст. Шумораи Интернет-мағозаҳо афзуда инчунин дигар намуди хизматрасонӣ, ки пардохтҳоро тариқи кортҳои бонкӣ қабул мекунанд, низ зиёд гашта истодааст. Масалан, Шумо ба сафар ба Туркия шаҳри Истамбул рафтанӣ ҳастед. Меҳмонхонаро Шумо метавонед тариқи Интернет интихоб намуда, бо номбар кардани рақами корти бонкӣ онро фармоед.                                                     


5. Мукофотҳо.

Барои пешбурди кортҳои пластикӣ бонкҳо аз низоми подош ва ҳавасмандгардонии мизоҷон фаъолона истифода мебаранд. Бо ин мақсад як  қатор барномаҳо ва воситаҳо ба монанди инҳо таҳия мешаванд:

 Иловаи фоиз барои бақияи ҳисобҳо;

 Тахфифҳо ҳангоми харид дар марказҳои савдо;

 Дигар воситаҳои ҳавасмандкунанда


Дар байни камбудиҳои корти бонкӣ инҳоро қайд намудан зарур аст.

1. Имкониятҳои маҳдуди истифодаи кортҳо дар минтақаҳои Тоҷикистон. Ҳатто дар пойтахт пардохт тариқи корти пластикӣ на ҳамеша имконпазир аст.

2. Шумораи маҳдуди банкоматҳо дар минтақаҳои Тоҷикистон. Агар дар шаҳрҳои калон ба мисли Душанбе ва Хӯҷанд шумораи банкоматҳо имконияти гирифтани маблағро дар ҳар соат ва рӯзи ҳафта имкон диҳад, дар дигар шаҳру минтақаҳо шумораи банкоматҳо камтаранд. Вазъият аз он душвортар аст, ки қисме аз банкоматҳо дар бинои бонк ҷойгиранд ва дар вақтҳои истироҳатӣ онҳо дастнорасанд.

3. Хатари дучори қаллобон шудан. Қаллобон аз нақшаҳои гуногун тавассути техника ва технологияҳои муосир истифода мебаранд.

Дар маводи оянда мо оиди истифодаи бехатари кортҳои бонкӣ сухан мегӯем.


Маводҳои рубрикаи “Саводнокии молиявӣ” дар доираи созишномаи ҳамкории муштараки ҶСП “Спитамен Бонк” ва  ҶДММ Агентии Иттиллоотии “Азия-плюс” дар соҳаи баландбардории маълумотнокии молиявии аҳолӣ омода шудаанд.


Дар таҳияи иттилоот маводи таълимии: Ҳикматов У.С., Койчуева М.Т. Асосҳои саводнокии молиявӣ: маводи таълимӣ. – Б.: ДСРК, 2015. –саҳ.121 истифода шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...