Дар Академияи илмҳо саҳми занон дар рушди илмро баррасӣ карданд

Иттилоияи расмӣ

Бо ташабусси Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ рӯзи 2 сентябр бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ дар толори Академияи илмҳо Конференсияи ҷумҳуриявии “Саҳми занон дар рушди илм” баргузор гардид, ки дар он пеш аз 250 нафар занони фаъоли ҷумҳурӣ иштирок карданд.

Тавре Шервони Умриддин, сухангӯи Академияи илмҳо иттилоъ дод, Конференсияро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, ҳамаи ҳозиринро ба фарорасии 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфт.

Сипас, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ Қосимзода Идигул, ноиби президенти Академияи илмҳои ҶТ, академик Яқубова Муҳиба баромад намуда, нақши занонро дар ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмии ҷомеаи Тоҷикистон муассир арёбӣ намуданд.

Кори Конференсия дар ду бахш идома ёфта, дар онҳо гузоришҳои занон ва олимаҳои фаъоли ҷумҳурӣ оид ба нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар таҳкими мавқеи занон дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, болоравии мавқеи ҷавондухтарон дар ҷомеа, саҳми занон дар рушди илм, пешгирии ифротгароӣ дар байни бонувон, нақши матбуот дар инъикоси ҳаёти занон, тайёр кардани кадрҳои илмӣ аз ҳисоби ҷавондухтарон ва ғайраҳо шунида ва муҳокима карда шуд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 51

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳуми ин асари...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2026

Имрӯз дар маркази Душанбе ва ҳама навоии он чорабиниҳои наврӯзӣ доир мешавад.

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Омили аслии оғози ҷанги таҷовузкорона ва талоши то ин лаҳза номуваффақи сарнагун кардани низоми Ҷумҳурии Исломӣ аз сӯйи Вашингтону Телавив, қудрати он гуфта мешавад.

Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро мардуми Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд. Суғдиён дар радифи бохтариён, ки аз гузаштагони аслии тоҷикон ба шумор мераванд, Наврӯзро аз замонҳои қадим бошукӯҳ ва тантанаи хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз расму ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки якчандтои онро инҷо меорем.

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 10:00 дар Боғи "Куруши Кабир" ва...

Пул ҳаст, лекин эътимоду дониш нест. Чӣ гуна сармоягузорӣ метавонанд зиндагиро дар Тоҷикистон тағйир диҳад?

Чаро ба ҳар ҳол, аҳолиро лозим аст, ки сармоягузорӣ кунад ва дар куҷо метавон ин пулҳоро маблағгузорӣ кард.