Ҷашни Рӯзи авиатсияи гражданӣ дар ширкати «Сомон Эйр»

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар арафаи Рӯзи авиатсияи гражданӣ якбора ду хатсайри навро ба самтҳои Душанбе-Новосибирск ва Душанбе-Сочи ифтитоҳ намуд. 31 август хатсайри аввалини ширкати ҳавопаймоӣ аз рӯйи самти Душанбе-Новосибирск-Душанбе ва рӯзи дигар 1-уми сентябр маросими ифтитоҳи хатсайри Душанбе-Сочи-Душанбе баргузор гардид. Бо хатсайри аввалин ба Новосибирск 128 мусофир ва бозпас 45 мусофир парвоз кард, рӯзи […]

Иттилоияи расмӣ

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар арафаи Рӯзи авиатсияи гражданӣ якбора ду хатсайри навро ба самтҳои Душанбе-Новосибирск ва Душанбе-Сочи ифтитоҳ намуд. 31 август хатсайри аввалини ширкати ҳавопаймоӣ аз рӯйи самти Душанбе-Новосибирск-Душанбе ва рӯзи дигар 1-уми сентябр маросими ифтитоҳи хатсайри Душанбе-Сочи-Душанбе баргузор гардид. Бо хатсайри аввалин ба Новосибирск 128 мусофир ва бозпас 45 мусофир парвоз кард, рӯзи 1 сентябр бошад ба самти Душанбе Сочи 171 мусофир ва дар самти бозпас 132 мусофир интиқол дода шуд.

Ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоӣ дар ҳар ду самт ҳафтае як маротиба парвозҳоро иҷро хоҳанд кард, ба Новосибирск рӯзҳои чоршанбе ва ба Сочи рӯзҳои панҷшанбе. Вақти парвоз аз Душанбе ба Новосибирск соати 20-40, бозпас бошад соати 02-30. Вақти парвоз 3 соатро ташкил медиҳад.

Вақти парвоз аз Душанбе ба Сочи соати – 11-30, вақти нишаст дар Сочи соати 13-20 ба вақти маҳаллӣ. Ҳавопаймоҳо соати 15-00 дар самти муқобил парвоз намуда, соати 20-40 дар Душанбе фуруд меояд. Вақти соат 3 соату 50 дақиқа.

Илова бар ин, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар бораи барқарор кардани хатсайри Душанбе-Бишкек эълон мекунад. Сомон Эйр аз Душанбе ба пойтахти Қирғизистон ҳафтае як маротиба – рӯзҳои якшанбе парвоз хоҳад кард, бозпас бошад парвоз шаби душанбе иҷро мегардад.

Имрӯз дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими қадрдонии кормандони шоистаи соҳаи авиатсия, ки ба Рӯзи авиатсияи гражданӣ ва 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд, гузаронида шуд. Аз номи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои мутахассисони зерини ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» арҷгузорӣ шуданд: Дадабаев Аюб – сарҳавонавард ва Алимов Муҳиддин – супервайзер оид ба таъмин ва назорати парвозҳо бо шаҳодатнома ва нишонаи «Аълочии нақлиёти Тоҷикистон», бо Ифтихорномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Директори техникӣ Раҳимов Баҳодур, сарҳавонавард Раупов Алишер, роҳбалад-дастурдиҳанда Назаров Хуршед, агент оиди бехатарӣ Раҷабов Тоҳир, маъмури департаменти парвозҳо Воҳидова Мадина ва маъмур оид ба шартномаҳои техникӣ Ҳакимова Гулнора сарфароз гардиданд.

Феълан «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия, Қазоқистон Афғонистон ва Покистон бомуваффақият иҷро карда истодааст. Пойгоҳи ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.