Песков: Доир ба вазъи Каримов ба Кремл маълумот нарасидааст

Котиби матбуотии президенти Русия ба саволи хабарнигори «Газета.ру» дар бораи ба маросими эҳтимолии дафни президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов рафтани Владимир Путин дар сурати тасдиқ шудани ин хабар, посух додааст, ки «ман шакли эҳтимолии маълумотро қабул надорам». Дмитрий Песков изҳор доштааст, ки доир ба вазъи саломатии Каримов ба Кремл маълумот нарасидааст. Дар ин бора хабаргузории РИА […]

Asia-Plus

Котиби матбуотии президенти Русия ба саволи хабарнигори «Газета.ру» дар бораи ба маросими эҳтимолии дафни президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов рафтани Владимир Путин дар сурати тасдиқ шудани ин хабар, посух додааст, ки «ман шакли эҳтимолии маълумотро қабул надорам».

Дмитрий Песков изҳор доштааст, ки доир ба вазъи саломатии Каримов ба Кремл маълумот нарасидааст. Дар ин бора хабаргузории РИА «Новости» иттилоъ медиҳад.

«Алҳол ҳеҷ хабаре нест. Ба хабари сарчашмаҳо такя намуданро зарур намешуморем. Дар ин ҳолат бар ин назарем, ки танҳо маълумоти расмии аз Тошканд расида сарчашмаи аввалия шуда метавонад», – гуфтааст Песков.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Ӯзбекистон маълумоти ВАО марбут ба вазъи солимии президенти ҷумҳурӣ Ислом Каримовро шарҳ намедиҳад. Дар ин бора ба РИА «Новости» намояндаи девони вазирони кишвар хабар додааст.

«Ҳукумат маълумоти васоити ахбори умум доир ба ҷараёни бемории президенти Ӯзбекистонро шарҳ намедиҳад», – гуфтааст ӯ.

Қаблан се манбаи дипломатӣ ба агентии Reuters доир ба марги Ислом Каримов иттилоъ доданд.

Девони вазирони Ӯзбекистон иттилоъ дода буд, ки вазъи солимии президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ниҳоят бад шудааст. Васоити ахбори умум ҳамчунин хабар дода буданд, ки дар зодгоҳи президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ба маросими дафни ӯ ҳамаҷониба корҳои омодагӣ ҷараён доранд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.