Азми сафари нахуствазири Қирғизистон ба Ӯзбекистон

Нахуствазири Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ҳайати ин кишварро зимни сафар ба Ӯзбекистон роҳбарӣ мекунад. Ин хабарро манобеи худии агентии иттилоотии «Кабар» дар дастгоҳи ҳукумати Қирғизистон тасдиқ кардаанд. Бино ба маълумоти сарчашмаҳо, аллакай муайян карда шудааст, ки маҳз С.Жээнбеков ояндаи наздик ба кишвари ҳамсоя меравад. Гуфта мешавад, дар бораи сафари тарҳрезишудаи нахуствазири Қирғизистон алҳол расман эълон нашудааст. […]

Asia-Plus

Нахуствазири Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ҳайати ин кишварро зимни сафар ба Ӯзбекистон роҳбарӣ мекунад. Ин хабарро манобеи худии агентии иттилоотии «Кабар» дар дастгоҳи ҳукумати Қирғизистон тасдиқ кардаанд.

Бино ба маълумоти сарчашмаҳо, аллакай муайян карда шудааст, ки маҳз С.Жээнбеков ояндаи наздик ба кишвари ҳамсоя меравад.

Гуфта мешавад, дар бораи сафари тарҳрезишудаи нахуствазири Қирғизистон алҳол расман эълон нашудааст.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барномаи сафараш ба Чинро ихтисор карда, ба Ӯзбекистон раҳсипор мешавад. Дар ин бора ВАО-и Қазоқистон бо истинод ба Reuters хабар медиҳанд.

ВАО менависанд, Нурсултон Назарбоев ният дорад, ки рӯзи 3 сентябр ба Ӯзбекистон ояд. Тағйири ногаҳонии нақшаҳои сафар маънои онро дошта метавонад, ки ҳукумати Қазоқистон ба эълони марги президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов омодагӣ мегирад.

Имрӯз президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҷиҳати иштирок дар нишасти G-20 ба шаҳри Ханчжоуи Чин ташриф овард.

Дар ҳамин ҳол, доир ба сафари имконпазири ҳайати расмии Тоҷикистон ба Ӯзбекистон алҳол маълумот дода намешавад.

Қаблан се манбаи дипломатӣ ба агентии Reuters доир ба марги Ислом Каримов иттилоъ доданд.

Девони вазирони Ӯзбекистон иттилоъ дода буд, ки вазъи солимии президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ниҳоят бад шудааст. Васоити ахбори умум ҳамчунин хабар дода буданд, ки дар зодгоҳи президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ба маросими дафни ӯ ҳамаҷониба корҳои омодагӣ ҷараён доранд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.