Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон сафар мекунад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи шанбе, 3 сентябр ба Ӯзбекистон сафар мекунад. Дар ин бора манбаъҳо аз доираҳои дипломатии ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» хабар доданд. Бино ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар як ҳайати начандон бузурги расмӣ аз Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекунад. Қаблан иттилоъ дода будем, ки президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барномаи сафараш ба Чинро […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи шанбе, 3 сентябр ба Ӯзбекистон сафар мекунад. Дар ин бора манбаъҳо аз доираҳои дипломатии ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар як ҳайати начандон бузурги расмӣ аз Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекунад.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барномаи сафараш ба Чинро ихтисор карда, ба Ӯзбекистон раҳсипор мешавад. Дар ин бора ВАО-и Қазоқистон бо истинод ба Reuters хабар медиҳанд.

Нахуствазири Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ҳайати ин кишварро зимни сафар ба Ӯзбекистон роҳбарӣ мекунад. Ин хабарро манобеи худии агентии иттилоотии «Кабар» дар дастгоҳи ҳукумати Қирғизистон тасдиқ кардаанд.

Қаблан се манбаи дипломатӣ ба агентии Reuters доир ба марги Ислом Каримов иттилоъ доданд.

Девони вазирони Ӯзбекистон иттилоъ дода буд, ки вазъи солимии президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ниҳоят бад шудааст. Васоити ахбори умум ҳамчунин хабар дода буданд, ки дар зодгоҳи президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ба маросими дафни ӯ ҳамаҷониба корҳои омодагӣ ҷараён доранд, аммо мақомоти расмии Ӯзбекистон то ҳанӯз дар бораи вазъи солимии Ислом Каримов маълумот надодаанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.