Боздиди Сироҷиддин Аслов аз сафорати Ӯзбекистон

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 4 сентябр ҷиҳати изҳори ҳамдардию тасаллият аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми дӯст ва бародари Ӯзбекистон бинобар фавти (даргузашти) бармаҳали Ислом Абдуғаниевич Каримов ба Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар изҳороти С.Аслов, аз ҷумла, чунин омадааст: […]

Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 4 сентябр ҷиҳати изҳори ҳамдардию тасаллият аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми дӯст ва бародари Ӯзбекистон бинобар фавти (даргузашти) бармаҳали Ислом Абдуғаниевич Каримов ба Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар изҳороти С.Аслов, аз ҷумла, чунин омадааст:

 “Тоҷикистон аз талафоти мардуми ба мо дӯсту бародари ӯзбек – хабари даргузашти бармаҳали муҳтарам Ислом Абдуғаниевич Каримов сахт андӯҳгин аст.

Ислом Абдуғаниевич, роҳбарии кишварро дар марҳилаи муҳими тақдирсози барқарорсозии давлати соҳибихтиёр ба дӯш гирифта, дар таърихи мардуми ӯзбек ҳамчун ходими барҷастаи давлатӣ, муайянкунандаи шоҳроҳи рушду нумӯи кишвар шинохта гардид. Ба шарофати хирад ва дурандешиаш ӯ ба ҳайси сиёсатмадори барҷаста эътироф гардида, берун аз кишвараш ҳамчун шахси баруманду барҷаста шинохта шуд.

Аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андӯҳи амиқ ва ҳамдилии моро бо мардуми бародари ӯзбек ва ҳамдардиро ба хешу ақрабои Ислом Абдуғаниевич қабул намоед.”

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.