Reuters: Ислом Каримов аз олам даргузашт

Агентии Reuters бо истинод ба сарчашмаҳои дипломатӣ дар бораи марги президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов хабар дод. Се манбаи дипломатӣ ба агентии Reuters доир ба марги Ислом Каримов иттилоъ додаанд. «Бале, ӯ аз олам даргузашт», – гуфтааст яке аз сарчашмаҳо. Дар маълумот зикр мегардад, ки нашрияи расмии «Народное слово» субҳи рӯзи ҷумъа бо такя ба ҳукумати […]

Asia-Plus

Агентии Reuters бо истинод ба сарчашмаҳои дипломатӣ дар бораи марги президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов хабар дод.

Се манбаи дипломатӣ ба агентии Reuters доир ба марги Ислом Каримов иттилоъ додаанд. «Бале, ӯ аз олам даргузашт», – гуфтааст яке аз сарчашмаҳо.

Дар маълумот зикр мегардад, ки нашрияи расмии «Народное слово» субҳи рӯзи ҷумъа бо такя ба ҳукумати Ӯзбекистон хабар додааст, ки вазъи солимии Президент Ислом Каримов ниҳоят бад шудааст.

Ҳукуматдорони Ӯзбекистон алҳол ин хабарро тасдиқ накардаанд. Хабари охирин дар сомонаи ҳукумати Ӯзбекистон, субҳи рӯзи 2 сентябр нашр гардида, дар он оид ба ҳолати хеле вазнини вазъи солимии Каримов сухан мерафт. Зикр гардида буд, ки тайи шабонарӯзи гузашта вазъи солимии раҳбари давлати Ӯзбекистон хеле бад шудааст.

Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда духтари хурдии ӯ хабар дода буд, ки падараш хунравии мағзиро аз сар гузаронидааст.

Ҳукуматдорон дар бораи бистарӣ шудани президент мухтасар маълумот дода, хомӯширо ихтиёр карданд, ки ин ба овозаҳои зиёд дар бораи эҳтимоли даргузашти сарвари давлати ин кишвар боис гардид.

Қаблан Девони вазирони Ӯзбекистон иттилоъ дода буд, ки вазъи солимии президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ниҳоят бад шудааст. Васоити ахбори умум ҳамчунин хабар дода буданд, ки дар зодгоҳи президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ба маросими дафни ӯ ҳамаҷониба корҳои омодагӣ ҷараён доранд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.