Нишасти таъҷилии ҳавопаймои хатсайри Маскав – Кӯлоб

Ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии” ба таври изтирорӣ дар шаҳри Самара фуруд омад. Ин ҳавопаймои хатсайри Маскав – Кӯлоб бинобар сабаби рафтори таҳдидомези як мусофир, ки дар дохили ҳавопаймо зимни парвоз ба ҷанҷолу муноқиша пардохтааст, таъҷилан ба фурудгоҳи Самара нишастааст. Як манбаъ дар хадамоти фаврии ширкати “Уральские авиалинии” ба “Интерфакс” дар ин робита иттилоъ додааст, ки […]

Asia-Plus

Ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии” ба таври изтирорӣ дар шаҳри Самара фуруд омад. Ин ҳавопаймои хатсайри Маскав – Кӯлоб бинобар сабаби рафтори таҳдидомези як мусофир, ки дар дохили ҳавопаймо зимни парвоз ба ҷанҷолу муноқиша пардохтааст, таъҷилан ба фурудгоҳи Самара нишастааст.

Як манбаъ дар хадамоти фаврии ширкати “Уральские авиалинии” ба “Интерфакс” дар ин робита иттилоъ додааст, ки зимни парвоз яке аз мусофирон, шаҳрванди Тоҷикистон бидуни сабаби узрноке ба муноқиша пардохта, таҳдид кардааст, ки ҳайати хидматрасонҳои ҳавопайморо лату кӯб мекунад.

“Баъди якчанд кӯшиши дарафтодан ба ҳайати кормандони хидматрасонӣ, беҳаракат кардани мусофир муяссар гардида, вале ба ҳар ҳол, сардори халабонҳо доир ба фурудории ҳавопаймо дар шаҳри Самара тасмим мегирад”, – гуфтааст манбаъ.

Гуфта мешавад, пас аз нишасти изтирорӣ дар Самара, мусофири ҷанҷолӣ ба ихтиёри кормандони пулиси ба ҳавопаймо баромада супурда шуда, сипас ҳавопаймо ба идомаи парвоз имкон пайдо кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...