ВАО: Назарбоев сафарашро ба Чин бекор ва ба Ӯзбекистон раҳсипор мешавад

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барномаи сафараш ба Чинро ихтисор карда, ба Ӯзбекистон раҳсипор мешавад. Дар ин бора ВАО-и Қазоқистон бо истинод ба Reuters хабар медиҳанд. ВАО менависанд, Нурсултон Назарбоев ният дорад, ки рӯзи 3 сентябр ба Ӯзбекистон ояд. Тағйири ногаҳонии нақшаҳои сафар маънои онро дошта метавонад, ки ҳукумати Қазоқистон ба эълони марги президенти Ӯзбекистон Ислом […]

Asia-Plus

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барномаи сафараш ба Чинро ихтисор карда, ба Ӯзбекистон раҳсипор мешавад. Дар ин бора ВАО-и Қазоқистон бо истинод ба Reuters хабар медиҳанд.

ВАО менависанд, Нурсултон Назарбоев ният дорад, ки рӯзи 3 сентябр ба Ӯзбекистон ояд. Тағйири ногаҳонии нақшаҳои сафар маънои онро дошта метавонад, ки ҳукумати Қазоқистон ба эълони марги президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов омодагӣ мегирад.

Имрӯз президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҷиҳати иштирок дар нишасти G-20 ба шаҳри Ханчжоуи Чин ташриф овард.

Қаблан Девони вазирони Ӯзбекистон иттилоъ дода буд, ки вазъи солимии президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ниҳоят бад шудааст. Васоити ахбори умум ҳамчунин хабар дода буданд, ки дар зодгоҳи президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ба маросими дафни ӯ ҳамаҷониба корҳои омодагӣ ҷараён доранд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...