Тааҷҷуби Медведев аз шумори зиёди рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ дар Тоҷикистон

Нахуствазири Русия Дмитрий Медведев аз шумори зиёди ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ, ки соли гуашта дар Шӯроҳои диссертатсионӣ дар Тоҷикистон сурат гирифтаанд, изҳори тааҷҷуб кардааст. Зимни вохӯрӣ бо иштирокчиёни ҳамоиши “Рушди маълумоти олӣ” дар Санкт-Петербург ӯ гфтааст, дар “Гузориши фаъолияти шабакаи шӯроҳои диссетатсионӣ” баъзе шӯроҳо, аз ҷумла аз рӯи шумори ҳимояҳои докторӣ ва номзадӣ дар […]

Asia-Plus

Нахуствазири Русия Дмитрий Медведев аз шумори зиёди ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ, ки соли гуашта дар Шӯроҳои диссертатсионӣ дар Тоҷикистон сурат гирифтаанд, изҳори тааҷҷуб кардааст.

Зимни вохӯрӣ бо иштирокчиёни ҳамоиши “Рушди маълумоти олӣ” дар Санкт-Петербург ӯ гфтааст, дар “Гузориши фаъолияти шабакаи шӯроҳои диссетатсионӣ” баъзе шӯроҳо, аз ҷумла аз рӯи шумори ҳимояҳои докторӣ ва номзадӣ дар соли 2015 зикр ёфтаанд.

“Ҳеҷ чизи баде гуфтанӣ нестам, вале танҳо далел меорам: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар зинаҳои якум ва дуюм қарор доранд, ки дар соли 2015 дар онҳо 40-тогӣ рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ ҳимоя шудаанд. Ин касро ба фикр кардан водор месозад”, – таъкид доштааст нахуствазири Русия.

Қобили зикр аст, ки унвонҳои илмӣ дар Тоҷикистон бо қарори шӯроҳои коршиносони Комиссияи олии аттестатсионӣ (ВАК)-и назди Вазорати маориф ва илми Русия дода мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, Ирина Каримова, раиси Шӯрои илмии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар суҳбат бо Озодӣ дар ин робита гуфтааст: “Ҳамаи корҳои илмии унвонҷӯён, ки дар Шӯрои илмии мо тасдиқ шудааст, то ба ҳол нагаштааст (манзур ВАК-и Русия онро тасдиқ кардааст). Ягон кори мо барнагаштааст ва барои ҳамин бисёр хурсанд ҳастем. Туф-туф, чашм нарасаду лекин мо дар оянда ҳам тамоми чораҳоро меандешем, ки сифати корҳои илмӣ баланд бошад”.

Тоҷикистон ду сол қабл тасмим гирифта буд, ки дар назди Вазорати илм ва маорифи Тоҷикистон Комиссияи олии аттестатсионӣ таъсис дода, мустақилона ба олимон унвони доктори илм ё PhD-ро диҳад, амоо ин ташаббус танҳо дар коғаз боқӣ монда, мисли пешни унвонҳо ба олимони тоҷикро Комиссияи олии аттестатсионии Русия медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.