Русия кишвари аз ҳама нобаробартарин аз лиҳози тақсими боигариҳои моддӣ

Date:

Ширкати таҳлилии New World Wealth ба чунин хулоса расидааст, ки миёни кишварҳои дорои иқтисоди пешрафтаи ҷаҳон, Русия кишвари аз ҳама нобаробартарин аз лиҳози тақсими боигариҳои моддӣ мебошад.

Ба иттилои ин манбаъ, 62%-и боигариҳои миллии Русия дар дастони миилионерҳои долларӣ мутамарказ шуда, ба ҳиссаи миллиардерон 26% боигариҳои ин кишвар рост меояд. Дар ин феҳрист зинаи дуюмро пас аз Русия Ҳиндустон ишғол мекунад, ки 54%-и боигариҳои миллӣ ба миллионерҳо мансуб аст.

«Дар сурати ба миллионерҳо тааллуқ доштани беш аз нисфи дороиҳо, шароити ба вуҷуд омадани синфи миёна хеле маҳдуд мешавад», – менависад New World Wealth.

Гуфта мешавад, кишвари дорои иқтисоди сеюм дар ҷаҳон – Ҷопон аз лиҳози тақсими боигариҳои моддӣ аз ҳама баробартарин аст ва ба ҳиссаи миллионерҳо дар ин кишвар ҳамагӣ 22%-и дороиҳои миллӣ рост меояд.

Дар ИМА ин нишондиҳанда каме бештар аз 30%-ро ташкил додааст, ки ба андешаи муаллифони таҳқиқот, «натиҷаи ғайримунтазираи начандон бад аст». Дар маъракаи интихоботи президентии ҳозира дар ИМА масъалаи нобаробарии даромадҳо яке аз масоили муҳиму рӯзмарра ба шумор меравад.

Вазъи миёнаи шаҳрванди амрикоӣ 151 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Дар Монако ин рақам то ба 1 млн. 600 ҳазор мерасад. Аз 40 ҳазор шаҳрванди Монако беш аз 5%-ашон беш аз 10 млн. доллар дороиҳо доранд.

Дар акс Алишер Усмонов (аз чап) ва Олег Дерипаска, ки аз онҳо чун шахсони доротарини Русия ном мебаранд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...