Дастаҳои Рустами Эмомалӣ ва Рамазон Раҳимзода дар нимфинали Ҷоми «Истиқлол»

Дар мусобиқаи футболи Ҷоми «Истиқлол» бозиҳои давраи чорякниҳоӣ доир гардида, аз рӯи натиҷаҳои он дастаҳое, ки дар давраи ниманиҳоӣ (нифиналӣ)-и мусобиқа иштирок мекунанд, муайян карда шуданд. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), дар даври чорякфиналӣ дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки дар он роҳбари Агентии зиддифасод ва президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ низ бозӣ мекунад, бар […]

Asia-Plus

Дар мусобиқаи футболи Ҷоми «Истиқлол» бозиҳои давраи чорякниҳоӣ доир гардида, аз рӯи натиҷаҳои он дастаҳое, ки дар давраи ниманиҳоӣ (нифиналӣ)-и мусобиқа иштирок мекунанд, муайян карда шуданд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), дар даври чорякфиналӣ дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки дар он роҳбари Агентии зиддифасод ва президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ низ бозӣ мекунад, бар дастаи «Вавилон» ғолиб омада, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Гуфта мешавад, дар ин давр тими ФФТ бо дастаи «Динамо»-и ВКД таҳти раҳбарии вазир Рамазон Раҳимзода, ки дар вохӯрии чаҳорякфиналӣ дастаи «Ориёнбонк»-ро мағлуб сохт, бозӣ хоҳад кард.

Дар бозии дуюми ниманиҳоӣ дастаҳои «Амонатбонк» ва «Бонки миллӣ» рақобат карда, бозиҳои нимфиналии Ҷоми «Истиқлол» рӯзи якшанбе, 4 сентябр доир мегарданд. Бозии ФФТ бо «Динамо» соати 18:00 ва вохӯрии «Амонатбонк» бо «Бонки миллӣ» соати 19:00 муқаррар шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.