Оғози амалиётҳои интиқоли пул дар «Тоҷиксодиротбонк»

Маъмурияти муваққатии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дар бораи аз 1 сентябри соли ҷорӣ барқарор кардани амалиётҳои интиқоли пул хабар медиҳад. Дар маълумоти дар ин робита интишоршудаи ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» қайд мешавад, ки маъмурияти муваққатии бонк бо мақсади ҳимояи манфиатҳои муштариён силсилаи чорабиниҳоро амалӣ менамояд. «Шурӯъ аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ амалиётҳои интиқоли пули дар ҳамаи филиалҳои бонк роҳандозӣ […]

Asia-Plus

Маъмурияти муваққатии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дар бораи аз 1 сентябри соли ҷорӣ барқарор кардани амалиётҳои интиқоли пул хабар медиҳад.

Дар маълумоти дар ин робита интишоршудаи ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» қайд мешавад, ки маъмурияти муваққатии бонк бо мақсади ҳимояи манфиатҳои муштариён силсилаи чорабиниҳоро амалӣ менамояд.

«Шурӯъ аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ амалиётҳои интиқоли пули дар ҳамаи филиалҳои бонк роҳандозӣ гардида, акнун шаҳрвандон метавонанд тавассути филиал ва марказҳои хизматрасонии Тоҷиксодиротбонк, вобаста аз имкониятҳои мавҷудбудаи филиал, интиқоли маблағро ба воситаи низомҳои байналмилалии “Золотая Корона”, “Контакт”, “Юнистрим”, Western Union, Interexpress ва Caspian Money Transfer маблағҳои интиқолии худро аз хориҷи кишвар тавассути ин низомҳо дастрас намоянд», – омадааст дар маълумот.

Қобили зикр аст, ки аз оғози соли равон «Тоҷиксодиротбонк» дар вазъи душвори молӣ қарор дорад. Дар робита ба норасоии захирахои молӣ бонк дар ҳаҷми пурра ва саривақт наметавонад хизматгузориҳояшро ба мизоҷон анҷом диҳад.

Ёдрас мекунем, ки аз 20 майи соли равон пардохти маблағҳои муштариён дар доираи лоиҳаи музди меҳнат ба дорандагони кортҳои пардохтии ҶСК "Тоҷиксодиротбонк", ки ахиран мутаваққиф шуда буд, аз нав ба роҳ монда шуд.

Қаблан  иттилоъ дода будем , ки дуюмин бонки тиҷоратии бузург дар Тоҷикистон – «Тоҷиксодиротбонк» баҳри кумак ба Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) муроҷиат кард, то ки буҳрони имконпазири пардохтпазириро пешгирӣ кунад.

Бонки миллии Тоҷикистон санаи 18 май бо мақсади беҳтар кардани вазъи молиявии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳон, ба муҳлати то се моҳ дар бонки зикршуда маъмурияти муваққатӣ таъйин намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.