Тааҷҷуби Медведев аз шумори зиёди рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ дар Тоҷикистон

Asia-Plus

Нахуствазири Русия Дмитрий Медведев аз шумори зиёди ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ, ки соли гуашта дар Шӯроҳои диссертатсионӣ дар Тоҷикистон сурат гирифтаанд, изҳори тааҷҷуб кардааст.

Зимни вохӯрӣ бо иштирокчиёни ҳамоиши “Рушди маълумоти олӣ” дар Санкт-Петербург ӯ гфтааст, дар “Гузориши фаъолияти шабакаи шӯроҳои диссетатсионӣ” баъзе шӯроҳо, аз ҷумла аз рӯи шумори ҳимояҳои докторӣ ва номзадӣ дар соли 2015 зикр ёфтаанд.

“Ҳеҷ чизи баде гуфтанӣ нестам, вале танҳо далел меорам: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар зинаҳои якум ва дуюм қарор доранд, ки дар соли 2015 дар онҳо 40-тогӣ рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ ҳимоя шудаанд. Ин касро ба фикр кардан водор месозад”, – таъкид доштааст нахуствазири Русия.

Қобили зикр аст, ки унвонҳои илмӣ дар Тоҷикистон бо қарори шӯроҳои коршиносони Комиссияи олии аттестатсионӣ (ВАК)-и назди Вазорати маориф ва илми Русия дода мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, Ирина Каримова, раиси Шӯрои илмии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар суҳбат бо Озодӣ дар ин робита гуфтааст: “Ҳамаи корҳои илмии унвонҷӯён, ки дар Шӯрои илмии мо тасдиқ шудааст, то ба ҳол нагаштааст (манзур ВАК-и Русия онро тасдиқ кардааст). Ягон кори мо барнагаштааст ва барои ҳамин бисёр хурсанд ҳастем. Туф-туф, чашм нарасаду лекин мо дар оянда ҳам тамоми чораҳоро меандешем, ки сифати корҳои илмӣ баланд бошад”.

Тоҷикистон ду сол қабл тасмим гирифта буд, ки дар назди Вазорати илм ва маорифи Тоҷикистон Комиссияи олии аттестатсионӣ таъсис дода, мустақилона ба олимон унвони доктори илм ё PhD-ро диҳад, амоо ин ташаббус танҳо дар коғаз боқӣ монда, мисли пешни унвонҳо ба олимони тоҷикро Комиссияи олии аттестатсионии Русия медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати газидани гӯши сокинони пойтахт аз сӯйи як мард ва ду духтар хабар дод. Ҳар ду...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.

“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ

Агар умр вафо мекард, имрӯз Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон...

Раводид миёни Тоҷикистону Эрон бекор шуд. Равуои сайёҳон чӣ гуна афзоиш ёфт?

Аз лиҳози вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон, Эрон миёни 20 кишвари аввал мақоми 8-умро касб кард.

Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз

Бо дархости Тоҷикистон ва дигар кишварҳое, ки Наврӯзро ҷашн...

Муҳаммадбоқир Зулқадр ба ҷои Алии Лориҷонӣ дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон таъин шудааст

Муҳаммадбоқир Зулқадр аз фармондеҳони аршади собиқи Сипоҳи посдорони Эрон...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 52

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Ташхиси тиббӣ барои кор дар Русия. Русия созишнома бо Тоҷикистонро пурра тасдиқ кард

Созишнома имкон медиҳад, ки муҳоҷирони тоҷик ташхиси тиббиро дар ватан гузаранд.