Қатли хусури 86-сола ва хушдомани 77-солаи ҳунарпеша Фурқат Саидов

Дар шаҳри Душанбе шаби рӯзи шанбе ба якшанбе ҳамсарони пиронсолу рӯзгордида – хусур ва хушдомани Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, роҳбари Ансамбли давлатии “Шашмақом” Фурқат Саидов кушта шуданд. Ҷасадҳои онҳо дар манзилашон дарёфт шудааст. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, Р.П.-и 86-сола ва З.П.-и 77-сола, хусуру хушдомани Фурқат Саидов шаби рӯзи 4 сентябр дар манзлили худ, […]

Мавзуна Абдуллоева

Дар шаҳри Душанбе шаби рӯзи шанбе ба якшанбе ҳамсарони пиронсолу рӯзгордида – хусур ва хушдомани Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, роҳбари Ансамбли давлатии “Шашмақом” Фурқат Саидов кушта шуданд. Ҷасадҳои онҳо дар манзилашон дарёфт шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, Р.П.-и 86-сола ва З.П.-и 77-сола, хусуру хушдомани Фурқат Саидов шаби рӯзи 4 сентябр дар манзлили худ, воқеъ дар маҳаллаи 46-уми пойтахт кушта шудаанд.

Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, ки ба гумони даст доштан дар ин ҷинояти мудҳиш як нафар сокини пойтахт боздошт шуда, аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва таҳқиқи ҳодиса идома дорад, вале аз ҳолатҳои бо кадом мақсад ва чӣ гуна сурат гирифтани ин ҳодиса алҳол маълумот дода намешавад.

(Дар акс Фурқат Саидов)

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.