Э.Раҳмон: Ёвон ба як маркази бузурги саноатӣ табдил ёфт

Зимни суханронӣ дар маросими ба истифода супоридани корхонаҳои нави ҶДММ “Криолит” дар ноҳияи Ёвон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки дар натиҷаи азму талошҳои мунтазами Ҳукумати мамлакат ва тадриҷан амалӣ гардидани иқдомҳои созанда ҷиҳати рушди соҳаи саноат ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дар замони истиқлолият ба як маркази бузурги саноатӣ табдил ёфт. “Махсусан, солҳои охир […]

Asia-Plus

Зимни суханронӣ дар маросими ба истифода супоридани корхонаҳои нави ҶДММ “Криолит” дар ноҳияи Ёвон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки дар натиҷаи азму талошҳои мунтазами Ҳукумати мамлакат ва тадриҷан амалӣ гардидани иқдомҳои созанда ҷиҳати рушди соҳаи саноат ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дар замони истиқлолият ба як маркази бузурги саноатӣ табдил ёфт.

“Махсусан, солҳои охир ба фаъолият оғоз кардани чандин корхонаҳои азими истеҳсолӣ иқтидори саноатии ноҳияро бамаротиб баланд бардоштанд”, – гуфт сарвари давлат.

Ба гуфтаи президент, ба шарофати истиқлолияти давлатӣ бо таъсиси се корхонаи нави имрӯза шумораи корхонаву коргоҳҳои саноатии ноҳия ба 40 расида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия боз ҳам афзоиш меёбад.

“Ҳамзамон бо ин, чанд рӯз пештар роҳи оҳани Душанбе – Ёвон – Қӯрғонтеппа – Кӯлоб ба фаъолият оғоз кард, ки барои боз ҳам тараққӣ ёфтани соҳаи саноати вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияи Ёвон аҳаммияти калон дорад, зеро барои рушди саноат мавҷудияти роҳи оҳан омили муҳим мебошад.”, – таъкид дошт сарвари давлат.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Корхонаи истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат иштирок намуд. Баъди ифтитоҳи корхонаҳо дар Корпоратсияи кимиёвии металлургии тоҷик “Талко кимиё” президенти мамлакат бо фаъолони ноҳия ва коргарону мутахассисони ин корхонаи калони саноатии мамлакат суҳбати самимӣ орост.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.