Манъи охирини ҳаракати нақлиёт дар маркази Душанбе

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, пеш аз гузашти низомӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ки санаи 8 сентябр доир мегардад, ҳаракати нақлиёт дар майдони “Дӯстӣ”-и пойтахт бори охирин рӯзи 6 сентябр манъ карда мешавад. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, рӯзи 7 сентябр гузаштҳои […]

Аваз Юлдошев

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, пеш аз гузашти низомӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ки санаи 8 сентябр доир мегардад, ҳаракати нақлиёт дар майдони “Дӯстӣ”-и пойтахт бори охирин рӯзи 6 сентябр манъ карда мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, рӯзи 7 сентябр гузаштҳои тамринӣ доир намегарданд. “Рӯзи 6 сентябр аз соати 8-и субҳ то 10-30 дақиқа ҳаракати нақлиёт дар майдони “Дӯстӣ” манъ карда мешавад”, – изҳор дошт манбаъ.

Қобили зикр аст, ки қариб тамоми моҳи август дар майдони “Дӯстӣ”-и пойтахт машқу тамринҳо ба ин гузашт ҷараён доштанд ва аз соати 19 то 22-и шом ҳаракати нақлиёт дар маркази шаҳр қатъ мешуд.

Ба гузашти низомӣ, ки санаи 8 сентябр ба муносибати ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолият дар майдони “Дӯстӣ” баргузор мешавад, мушовири вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-майор Латиф Файзиев фармондеҳӣ карда, онро вазири мудофиа генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо қабул ва дар навбати худ дар бораи омодагии сарбозону афсарон ба гузашти низомӣ ба сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон гузориш медиҳад.

Дар ин сафороии низомӣ иштироки 16 ҳазор нафар сарбозону афсарон дар назар аст. Дар гарнизонҳои Суғду Хатлон ва Хоруғу Рашт дар маҷмӯъ 9 ҳазор сарбозону афсарон сафороӣ мекунанд. Авиатсия ва техникаи ҳарбӣ имсол ба гузашт сафарбар намешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.